Skip to main content
JOM

JOM

By JOM

Дар ин платформа подкастҳои ҷавонон дар мавзӯҳои иҷтимоию фарҳангӣ ба нашр мерасанд.
Available on
Google Podcasts Logo
Pocket Casts Logo
RadioPublic Logo
Spotify Logo
Currently playing episode

Мусоҳиба бо Зафари Валӣ, роҳбари Муассисаи давлатии Хатлонсинамо

JOMFeb 17, 2021

00:00
12:56
Суҳалӣ Қодирӣ, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Суҳалӣ Қодирӣ, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Суҳалӣ Қодирӣ, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд,  кишварҳои зиёде ҳастанд,  ки бо вуҷуди ҳамроҳшавӣ ба  Конвесия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ин масъаларо ба таври ҷиддӣ дар қонунгузории миллиашон танзим накардаанд.  

Ба таъкиди ӯ асоси қонунҳо аз модаи 32-и Конвенсияи СММ оиди ба ҳуқуқи кӯдак маншаъ бояд бигирад, ки мушахасан оид ба уҳдадории давлати иштирокчӣ  гуфта шудааст. На танҳо ҷалби кӯдак ба меҳнат ҳатто вобаста ба синну сол бардоштани бор низ ба ҳамин меъёр ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон ин меъёрҳо мушахас  ҳастанд. Ҳам давомоти рӯзи корӣ  ва ҳам тибқи як қарор бардоштани вазн аз рӯйи синну сол ва ҷинс.

Nov 20, 202319:20
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 3 марти соли равон баргузор гардид, гуфт, таносуби рафту баргашти муҳоҷирон аз Русияро таҳлил мекунанд.

Mar 09, 202300:52
Мафтуна Шукурова, хабарнигор

Мафтуна Шукурова, хабарнигор

Бештари духтарон дар мусоҳибаҳо ба мо гуфтанд, сабаби асосии тарки варзиш кардан, расидан ба синни балоғат ст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, волидонашон мехоҳанд, пас аз хатми мактаби миёна духтаронашон зуд оиладор шаванд...

Aug 10, 202201:51
Амир Саиди Мункӣ, роҳбари осорхонаи ноҳии Ховалинг

Амир Саиди Мункӣ, роҳбари осорхонаи ноҳии Ховалинг

Мо якчанд хатсайрҳоро пешниҳод карда будем. Хатсайрҳо дар як китобчае, ки “Ховалинг ганҷинаи табиат ва тамаддуни башарӣ” ном дорад нашр гардидааст. Гарчанде хатсайрҳои мазкур ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест, аммо умед ҳаст, ки дар оянда бо инфросохтори зарурӣ таъмин гардида, ҳамчун як марказ ба мардум хизмат мерасонад

Aug 04, 202201:16
Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ феҳристи мавзеъҳои саёҳиро таҳия кардааст, ки дар ин миён Ховалинг бо мавзеъҳои саёҳии худ мавқеъи муайнеро ишғол намудааст.

Aug 04, 202202:17
Султонбӣ Бобоева

Султонбӣ Бобоева

Расми “певочӣ” чунин аст: ду ҳамсоя ҳар шому саҳар ба хонаи якдигар 10-литрӣ шир мебаранд. Ин амал ба навбат 5 - рӯзӣ давом мекунад. Яъне, агар як зан ба хонаи ҳамсояаш 5 рӯз шир бурд, боз 5 рӯзи дигар ҳамсоя ба хонаи ин зан шир меорад.

May 24, 202201:20
Ҳарамгул Шарипова

Ҳарамгул Шарипова

Ҳарамгул Шарипова яке аз занҳои ҳунарманди деҳаи Момаӣ мебошад. Ӯ ба духарони ҷавон нозукиҳои дӯзандагиро меомӯзонад. Ин зани куҳистонӣ бо маҳсули дасти хеш дар чандин намоиши минтақавӣ иштирок кардааст

May 24, 202201:00
Саъбагул Умарова, раиси занони маҳалла

Саъбагул Умарова, раиси занони маҳалла

Мо занони деҳаи Момаӣ дар заминҳои наздиҳавлигии хеш тамоми маҳсулоти кишоварзиро мекорем. Ғайр аз ин, дар заминҳои кишоварзиамон гандуму ҷав корида, ҳосили онро мо занҳо  меғундорем

May 24, 202201:33
ЗИКРУЛЛОҲХУҶА БАРОИ ХЕШ "ПОЙ"-И РАВОН СОХТ

ЗИКРУЛЛОҲХУҶА БАРОИ ХЕШ "ПОЙ"-И РАВОН СОХТ

“Ман электромобилро соли гузашта аз оҳанпораҳои нолозим сохтам. Ин электромобил бо қувваи барқ аз 10 то 12км роҳро тай мекунад. Аз овони кӯдакӣ орзу мекардам, ки бузург шуда дарзаводи мошинсозӣ кор мекунам. Орзуҳои кӯдакиро бо сохтани электромобил бароварда кардам. Бо кумаки шогирдон давоми 5 моҳ ин электромобилро сохтам.”

Mar 24, 202205:41
Ҷанг Лей: ба хотири натиҷаовар шудани дарсҳоям забони тоҷикиро ёд гирифтам

Ҷанг Лей: ба хотири натиҷаовар шудани дарсҳоям забони тоҷикиро ёд гирифтам

Ҳоло ман пурра тоҷикиро мефаҳмам, гап зада метавонам ва хати сириликро хонда метавонам. Шурӯъ аз соли 2018 то ба имрӯз дигар дар фаҳмонидани дарсҳои хитоӣ ба донишҷӯёни тоҷик мушкилие пеш намеояд. Агар англисӣ гап занам нафаҳманд бо тоҷикӣ ҳафр мезанам ва онҳо зуд мавзӯъро дарк мекунанд”.

Oct 22, 202108:48
Назирҷон Исмоилҷонов барномаҳои BeReady ва чеҳрашиносро чаро сохт?

Назирҷон Исмоилҷонов барномаҳои BeReady ва чеҳрашиносро чаро сохт?

Назирҷон бо сохтани барномаҳо мехоҳад кори муассисаҳои таълимӣ ва бонкҳоро осон кунад

Oct 19, 202103:46
Шукуфа дар бораи худу зиндагиаш қисса мекунад

Шукуфа дар бораи худу зиндагиаш қисса мекунад

Шукуфа Раҳмон паноҳандаи афғон дастгоҳеро сохтааст, ки аз тариқи он партовҳои ҷубору сари роҳро мешавад ҷамъоварӣ кард.

Oct 07, 202102:46
Донишҷӯи ӯзбекистонӣ: мехоҳам дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кунам

Донишҷӯи ӯзбекистонӣ: мехоҳам дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кунам

Таҳмина Раҳимова 25 сол дорад ва ӯ зодаи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ барои дохил шудан ба донишгоҳ дар шаҳри Термез ду сол пайи ҳам ҳуҷҷат месупорад, аммо ҳар ду бор аз имтиҳон ноком мегардад. Соли дувум баъди нокомӣ дар имтиҳон ва ноумедӣ аз идомаи таҳсил бо тавсияи модар Таҳмина роҳ сӯйи Тоҷикистон пеш мегирад ва ба Душанбе меояд.

Sep 07, 202106:58
М. Солеҳова: Ҳадафи ТҶ “Пешрафт” дастгирии идеяҳои пешбарандаи давлат аст!

М. Солеҳова: Ҳадафи ТҶ “Пешрафт” дастгирии идеяҳои пешбарандаи давлат аст!

Мақсад — пеш бурдани ҷомеа, пеш бурдани ҷавонони мо, пеш бурдани он идеяҳое, ки давлатро ба пеш мебаранд. Агар ба рамзи “Пешрафт” аҳамият диҳем, дида мешавад, ки дар он секунҷа тасвир шудааст, яъне ифодакунандаи тугмачаи “play” — ба пеш ҳаракат кардан.

Aug 17, 202124:16
Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, коргардони театр ва синамо Убайдулло Раҷабов, ки то ҳол нашр нагардидааст.

Jul 20, 202109:08
Ҷайҳун Насимӣ филми бисёрсериягии "Уқоб ва бум"-ро ба навор мегирад

Ҷайҳун Насимӣ филми бисёрсериягии "Уқоб ва бум"-ро ба навор мегирад

Филми бисёрсериягии "Уқоб ва бум" дар бораи чаҳор ронандаи таксӣ нақл мекунад, ки рӯзона ба кирокашӣ ва шабона ба корҳои баде даст мезананд.

May 25, 202101:58
Ҳисайн Сафарзода

Ҳисайн Сафарзода

Вақте кӯдак китоб мутолиа мекунад, ҷаҳонбиниаш фаррох ва шавқаш ба мутолиаи китобҳои бештар меафзояд.

Apr 02, 202100:40
Некрӯз Сафаров

Некрӯз Сафаров

Қариб 50 дарсади китобҳо дар ҷаҳон барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.

Apr 02, 202101:23
Бунёди пӯл бо нафақа

Бунёди пӯл бо нафақа

Як зани 72-сола аз ҳисоби нафақа ва мукофотпулӣ дар деҳаи Ғудоси ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт кӯпруки мошингузар сохт. Ин пиразан собиқадори меҳнат буда, барои бунёди ин кӯпрук беш аз 30 ҳазор сомониашро харҷ кардааст.

Mar 30, 202101:19
Мусоҳиба бо Зафари Валӣ, роҳбари Муассисаи давлатии Хатлонсинамо

Мусоҳиба бо Зафари Валӣ, роҳбари Муассисаи давлатии Хатлонсинамо

Мусоҳиба атрофи фаъолияти чаҳосолаи ин муассиса

Feb 17, 202112:56
Икром Мамадов

Икром Мамадов

"Дастгоҳи сенсори таркиби  ҳавои атмосфериро аз рӯи PM2,5 ва PM10 муайян мекунад ва дар сомонаи мо мустақиман (онлайн) ҳар рӯз дида метавонед, ки сифати ҳаво дар кадом минтақаи шаҳр тоза ва ё олудаи зарраҳои зиёновар аст.  Мо метавонем нишон диҳем, ки дар куҷо зарраҳои чангӣ, моддаҳои зиёновар ба фазои атмосферӣ зиёд аст, сабаб чист ва чи таъсире ба саломатии одамону  муҳити экологӣ дорад. Ҳамҷоя бо созмонҷои ҷамъиятиву байналхалқӣ ва мақомот баъди таҳлилҳо сари пешгирии паёмади нохуши он бояд тадбир андешем."

Feb 12, 202100:29
Дарахтони азимҷуссаи мавзеи Сабристон

Дарахтони азимҷуссаи мавзеи Сабристон

Дарахтони азимҷусса ва бузургсоли мавзеи Сабристони деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан таърихи беш аз 1000 - сола дошта, ҳарчанд дар бораи пайдоиши дарахтон ягон асоси илмӣ мавҷуд нест, аммо қиссаву ривоятҳои гуногун аз забон ба забон гузашта, мардум дар бораи пайдоиши ин мавзеъ нақл менамоянд. Баландии дарахтон 50 ва паҳноӣ ё худ ғафсиашон 14 метрро дар бар мегирад.

Feb 12, 202103:51
Фаъолияти барномаи "Дилҳои кушод"

Фаъолияти барномаи "Дилҳои кушод"

Тибқи ин барнома ба хонаводаҳои маъюбини ноҳияи Рашт кумак расонида мешавад.

Feb 12, 202108:49
Мусоҳиба бо Шероз Иброҳимов

Мусоҳиба бо Шероз Иброҳимов

Шероз Иброҳимов шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буда, таҳсили олиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, тӯли чаҳор сол забони тоҷикӣ ва чиниро аз худ кардааст. Ҳоло бо ин ду забон хуб суҳбат мекунад. Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонад.

Feb 10, 202107:31