Skip to main content
ZewarshoW

ZewarshoW

By Zevarshah Mohammad

«ZewarshoW» унвони барномаи ҳафтагии Зеваршо Муҳаммад аст, ки аз тарқи подкаст канали "ZewarshoW" anchor.fm/zewarshow пахш мешавад.‏‏‏‏‏‏
Подкасти ZewarshoW барои зеҳнҳои кунҷков, барои шинохтани ҷаҳони мусиқӣ ва достони сохта шудани таронаҳои машҳур, ҳунарҳои намоишӣ, тасвирӣ, синмо ва адабиёт. Дар бахшҳои мухталифи Подкасти ZewarshoW шумо сӯҳбатҳои ҷолиберо аз, адабиёту ҳунар ва мусиқии хориҷӣ бо достонҳои ҷолиб ва сабки зиндагӣ ва мусоҳибаҳои ихтисосӣ мешунавед.
«zewarshow» عنوان برنامة هفتگی زیورشا محمّد است، که از ترق پادکست کانال "zewarshow" https:// anسhor. fm/zewarsh
Available on
Google Podcasts Logo
Pocket Casts Logo
RadioPublic Logo
Spotify Logo
Currently playing episode

Аз ду суи Ому: Таронаҳои мондагор ва баёдмонданӣ

ZewarshoWMay 12, 2020

00:00
22:30
Лолаҳои Бадахшон

Лолаҳои Бадахшон

80 сол муқадам  дар оврили  соли 1941 милодӣ дар шаҳри Моску пойтахти шуравии собиқ ки Тоҷикистон низ ҷузве аз 15

Чанде қабл китоби ҷадиди  Тилло Некқадам  нависанда ва  рузноманигори баноми тоҷик зери унвони  “ Лолаҳои Бадахшон  мунташир шуд, ки маҷмӯи мақолаҳо аз фаъолияти ҳунарии гурӯҳи мусиқи кӯдаконаи  зери унвони “Помир” ва достони зиндагии  аксари аъзоёни ин гурӯҳро дарбар мегирад.

Sep 13, 202205:06
"Аз ду суи Ому": “Ақибнишиниҳои токтикӣ” аз ишқ то сиёсат.

"Аз ду суи Ому": “Ақибнишиниҳои токтикӣ” аз ишқ то сиёсат.

Дар пайи даргириҳо бо толибон беш аз 100 сарбозу афсари ҳукуматӣ аз вилояти Кундуз ба марзи Тоҷикистон паноҳ бурдаанд. Даргириҳои ахир миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи толибон ва тасарруфи чандини вулусволӣ аз сӯи толибон боиси нигарониҳо ва хезашҳои мардуми алайҳи толибон дар Афғонистони шакл гирифтааст.

Инам оҳанги ҷадиди Рафиқ Содотрап хони ҷавон аз Афғонистонаст ки мешунавед. оҳанг зери унҷони “Ақибнишиниҳои токтикӣ” 

Jun 28, 202111:29
"Аз ду суи Ому": Бо ёду хотироте аз Аҳмад Зоҳир ва муарифии китоби ҷадиди Султон Ҳамад.

"Аз ду суи Ому": Бо ёду хотироте аз Аҳмад Зоҳир ва муарифии китоби ҷадиди Султон Ҳамад.

75-умин солрузи Аҳмад Зоҳир, хунёгари Шарқ ва рӯнамоии китоби "Аҳмад Зоҳир Садои ишқ асту дилтанги"-и Султон Хамад рӯзноманигори фақиди тоҷик, ки 12 июн дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дар ҳузури фарҳангиён ва алоқамандону дӯстдорони ҳунари Аҳмад Зоҳир баргузор шуд.

Jun 14, 202110:59
"Якта ай милёнай" Зулайхо Маҳмадшоева. Аз ду суи Ому:  7 июн 2021

"Якта ай милёнай" Зулайхо Маҳмадшоева. Аз ду суи Ому: 7 июн 2021

Дар ин барнома оҳангҳоро аз Хучастаи Мирзовали, Ашкон Араб, Зулайхо Маҳмадшоево, Рашод Ораш ва Мунисабону мешунавед

Jun 07, 202112:14
Аз ду суи Ому 31 Май бо тозатарин оҳангу таронаҳои Тоҷикистону Афғонистон ва фаротар аз он.

Аз ду суи Ому 31 Май бо тозатарин оҳангу таронаҳои Тоҷикистону Афғонистон ва фаротар аз он.

Дар ин барнома оҳангҳоро аз Меҳрнигори Рустам, Фарзоди Ҳунардуст, Амирҷон Уззоқов ва Мадина Ақназарова мешунавед

May 31, 202110:02
"Аз ду суи Ому" то “Russian Woman ва ё зани Рӯс”-и Манижа Сангин дар юрувижини 2021

"Аз ду суи Ому" то “Russian Woman ва ё зани Рӯс”-и Манижа Сангин дар юрувижини 2021

Оҳанги “Russian Woman ва ё зани Рӯс” –и Манижа Сангин овозхони 29 солаи тоҷиктабори  муқими Русия, ки  ба унвони намояндаи Рӯсия дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи овози Юрувижн 2021 ширкат дошт, дар  миёни намояндаи 26 кишвари ҷаҳон ҷои 9-ро соҳиб шуд.

Ин дар ҳолест, ки таронаи “Зани рус”-и Манижа дар коноли расмии “Юрувижн” дар Ютуб беш аз 22 миллион боздидкунанда дошта ва дар маҷмӯъ аз пурбинандатарин таронаи Юрувижн 2021 дар шабакаи Ютуб буд.

Ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба даври ниҳоӣ таронаи “Зани рус”-и Манижа боиси вокунишҳои шадиде шуд, ки иддае дар мухолифат аз ин овозхону оҳангаш садо баланд мекарданду Бархе аз сиёсатмадорону хабарнигорони Рус ҳатто аз вазорати фарҳанг Рӯсия хостанд ки ин овозхони Тоҷиктаборро аз рафтан ба даври ниҳоӣ маҳрӯм кунанд .

Амо бахшеҳам ба тарафдориаш вокунишҳо нишон дода дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ ҳимят карда мегӯянд , ки дар даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифтани оҳанги Манижа барои ӯ ва алоқамандонаш пирӯзиаст.

Матни ощанги “Зани русро Манижа худаш навишта мусиқиашро оҳангсози исроилӣ Ори Авнӣ ва Ори Каплан сохтаанд.

May 24, 202111:41
"Аз ду суи Ому": 17 Май, тозатарин оҳангҳои шод ва андӯҳбори ин ҳафта

"Аз ду суи Ому": 17 Май, тозатарин оҳангҳои шод ва андӯҳбори ин ҳафта

Тозатарин оҳангу таронаҳои ин ҳафтаро аз Бобак Муҳамадӣ,  Дамирбек  Олимов, Кова Акбарӣ, Фаридуни Хуршед, Ҷовид  Шариф ва  Мадина Ақназарова  Мешунавед.

May 17, 202111:38
Аз ду суи Ому: Ошиқонатарин оҳангҳои ин ҳафта 10 май 2021

Аз ду суи Ому: Ошиқонатарин оҳангҳои ин ҳафта 10 май 2021

Аз муҷрии ва таҳиякунандаи барномаҳои консерти то ба овозхонӣ.Мубориз Усмонов ва баргузории барномаи консертии Сафармуҳаммад дар Москва 

May 10, 202112:25
"Аз ду суи Ому" 3 Май 2021

"Аз ду суи Ому" 3 Май 2021

Дар ин барнома оҳангҳоро аз Соро Аҳмадова, Димо Милон ва Стору, Анвар Ахмедов, Себрат Шаҳоб ва Қурбони Сафарзод мешунавед.

May 03, 202111:07
Этические нормы журналистики

Этические нормы журналистики

Этические нормы журналистики 

Apr 26, 202136:19
Аз устоди донишгоҳ дар бахши молия ва иқтисод то ба овозхони уркестри симфуник

Аз устоди донишгоҳ дар бахши молия ва иқтисод то ба овозхони уркестри симфуник

Аз устоди донишгоҳ дар бахши молия ва иқтисод  то ба овозхони уркестри симфуник.
Ҳанифаи  Эмомалӣ як духтари ҷавони тоҷик пас аз шаш сол кор  ба унвони устоди  бахши молия ва иқтисоди донишгоҳ корашро канор гузошту   овозхони ҳирфаи  шуд.

Apr 26, 202112:33
“Дар оғуши мани” Достони ишқи нокоми оҳанги дусадоии Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров.

“Дар оғуши мани” Достони ишқи нокоми оҳанги дусадоии Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров.

Бо фарорасии моҳи мубораки рамазон ҳамаи шумо шунавандагони азизро табрик мегӯям.
“Дар оғуши мани” Достони ишқи нокоми оҳанги дусадоии Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров. 

Apr 19, 202111:05
Аз Самандар Пулодов то Аҳмад Зоҳир

Аз Самандар Пулодов то Аҳмад Зоҳир

Аз ду суи Омуи ин ҳафта Гулчини қашангтарин оҳангҳои дибшу ошиқона аз каронаи Ому ва фаротар аз он

Apr 12, 202111:21
"Аз ду суи Ому" оҳанги "Кӯдак" аз охарин корҳои Фарҳод Дарё

"Аз ду суи Ому" оҳанги "Кӯдак" аз охарин корҳои Фарҳод Дарё

Ҳафтаеро боз пушти сар гузоштем то расидем ба рузи душанбеи дигару ду суи Омуи дигар бо тозатарин таронаҳои Тоҷикистону Афғонистон  аз каронаи Ому ва фаротар аз он.

Apr 05, 202112:18
Пас аз рузхои тафреху таътил ва гашту гузори наврузӣ дубора расидем ба рузи Душанбе, авали хафтаву “Аз ду суи Ому”-и дигар.

Пас аз рузхои тафреху таътил ва гашту гузори наврузӣ дубора расидем ба рузи Душанбе, авали хафтаву “Аз ду суи Ому”-и дигар.

  Ҳафтае пур аз суруду таронаҳои тозае буд, ки овозхонҳо дар ҳарду сӯи Ому дар тантанаҳои наврӯзӣ ва маҳофили шодиву сурурур иҷро карданд, аммо  имкони гунҷондани ҳамаи онҳоро дар маҳдудаи барномаи даҳдақиқаӣ надорем. Танҳо беҳтаринҳоро барои шумо гулчин мекунем.
پس از رزخایی تفریخ و  تعطیل و گشت و  گذار نوروزی دوباره رسیدیم به رز دوشنبه , اول خفته و     “   از دو س و  عام و  ”  دیگر .  هفته‌ای پر از سرود و  ترانه‌های تازه‌ای بود , که آوازخوان‌ها در هارد و  سو عام و  در طنطنه‌های نوروزی و محافل شادی و  سررور اجرا کردند , اما  امکان گنجاندن همه آن‌ها را در محدوده برنامه دهدققهی نداریم . تن‌ها بهترین‌ها را برای شما گلچین می‌کنییم . 

Mar 29, 202111:10
"Шику Румонтик" оҳанги ҷадиди Шабнам Сураё

"Шику Румонтик" оҳанги ҷадиди Шабнам Сураё

Хуш омадед ба нахустин барномаи Аз ду суи Ому, дар нахустин душанбе, 2 фарвардини соли 1400 хуршедӣ, ва қарни ҷадиду соли говро, ки баробараст ба 22 морси 2021 милодӣ.

Mar 22, 202111:50
“Аз ду суи Ому”: Барномае, ки гулчини тозатарин оҳангҳои Тоҷикистону Афғонистону Узбакистонро дар маҳдудаи барномаи даҳдақиқаӣ, рузҳои душанбе тақдими шумо мекунад.

“Аз ду суи Ому”: Барномае, ки гулчини тозатарин оҳангҳои Тоҷикистону Афғонистону Узбакистонро дар маҳдудаи барномаи даҳдақиқаӣ, рузҳои душанбе тақдими шумо мекунад.

Рӯзҳои гарми баҳорӣ дар ду суи Ому, ки дашту даман гулпуш шуду сабзаҳои чаман дамидабуд дирӯз бо омдани дубораи барф дар аксар ҷойҳо ҳамаро зерии чодари сафеди барф кашида ҳолу ҳавои наврузу баҳорро аз байн бурд.

Аммо ҳолу ҳавои дилҳоямон наврузиву баҳориҳаст ва оҳангу таронаҳои ҷадиди баҳорӣ ин шабу рузҳо дар ду суи Ому хеле зиёд ба бозор омада.

Mar 15, 202112:41
Вижабарномаи 8 март бо оҳангҳои ҷадиди бонувони овозхони ду суи Ому

Вижабарномаи 8 март бо оҳангҳои ҷадиди бонувони овозхони ду суи Ому

8 март, рузи ҷаҳонии зан, баҳонае ҳаст барои ташаккур аз шумо бонувон ва модарони азиз, ҳаргиз чашмони меҳрубони шумо номеҳрубонии рӯзгорро набинад. Орзуи фардои беҳтар барои тамоми занон бароятон мекунам.

Дар вижабарномаи 8 март оҳангҳои ҷадиди бонувони овозхони ду суи Омуро мешунавед.

Mar 08, 202111:58
Паёми умедворӣ ва сабурии Ҷонибек Мурод дар оҳанги ҷадидаш "Худо ҳаст" барои алоқамандонаш.

Паёми умедворӣ ва сабурии Ҷонибек Мурод дар оҳанги ҷадидаш "Худо ҳаст" барои алоқамандонаш.

Ба мисли чашм баҳамзадан барқосо моҳҳо ва ҳафтаҳо пушти сар шуду инвари Омӯ дар Тоҷикистону Узбакистон аз имрӯз 1 марти соли 2021 аз рӯи гоҳшумории милоӣ баҳори нозанин аз роҳ расид.

Ҷонибек Муродов, дар оҳанги ҷадидаш зери унвони “Худо ҳаст” бо як ҷаҳон ишқу муҳаббат паёме ба мухотабонаш дода ва мегӯяд ҳамаи ҷараёнҳои зиндагиатро ба мавҷи худо биспор.  Зеро танҳо мавҷе, ки ҳеҷ вақт аз ҷӯшу хурӯш намеафтад мавҷи худост.


Mar 01, 202113:06
Хуш омадед ба “Ду суи Оуму” Ба барномаи худатон.

Хуш омадед ба “Ду суи Оуму” Ба барномаи худатон.

То охири барнома моро ҳамроҳӣ кунед, беҳтаринҳо ва тозатаринҳи ду суи Ому, аз ҷаҳони мусиқии мудерни Тоҷикистону Афғонистону Узбакистонро дар ин барнома барятон гулчин кардам.

Feb 22, 202111:17
Оҳанги "Офтоб" пайки хуши бозгашт ба зиндагии маъмулӣ пас аз маҳдудиятҳи Covid 19

Оҳанги "Офтоб" пайки хуши бозгашт ба зиндагии маъмулӣ пас аз маҳдудиятҳи Covid 19

Мисле ки маҳдудиятҳои куруноӣ камтар шуда ва овозхонҳо дубора ба сафарҳои ҳунарӣ ва баргузории барномаҳо консартӣ  кам-камак бозмегарданд.  Нахустин намоҳанги дусадоии Ҷовид Шариф овозхони баноми Афғонистон бо Мадина Ақназарово сарояндаи оқик зери унвони “Офтоб” пайки хуши бозгашт ба зиндагии маъмулии овозхонҳост.  Матни ин таронаро Юсуф Сидиқӣ наваишта мусиқиашро Ҷовид Шариф худаш сохтааст.

Feb 15, 202110:49
Ба ёду хотираи Муборакшо, алмоси Бадахшон.

Ба ёду хотираи Муборакшо, алмоси Бадахшон.

Дақиқан дар ҳаминрӯз 20 соле қабл 8-уми феврали соли 2000 милодӣ Муборакшоҳ Мирзошоҳ овозхони баноми тоҷик, ки ҳанӯз 39 сол дошт бар асари як беморӣ чашм аз олам фуру баст. Муборакшо 19 августи соли 1961 дар рустои Емси ноҳияи Рӯшони дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чашм ба олами ҳасти гушуд.  Агар умр вафо мекард имсол 19 угости 2021 Муборакшо 60 сола мебуд.
Аммо бо гузашти 20 сол аз марги Муборакшо оҳангҳои ӯ ҳамоно сари забонҳо ҳастанду ёду хотироташ дар дили ҳазорҳо алоқамандонаш боқист.

Feb 08, 202111:10
Моҳи наву ҳафтаи нав бо созу таронаҳои ду суи Омуи нав

Моҳи наву ҳафтаи нав бо созу таронаҳои ду суи Омуи нав

Боз ҳафтае аз Ду суи Ому гузашта то Ду суи Омуи дигар бо шуру туғён бо тозаҳои мусиқии Афғонистону Тоҷикистон тоза аз роҳ расид.

 Дар ин барнома оҳангҳоро аз Аҳлддини Фахриддин , Аҳмад Ҷавод Карамӣ , Фарнгси Дунё , Аҳмади Ҷелонӣ ва Отусо Амирӣ мешунавед. 

Feb 01, 202112:13
Гулҷини тозатарин ошиқонаҳои Ду суи Ому

Гулҷини тозатарин ошиқонаҳои Ду суи Ому

Дуруд имрӯз душанбе 25 яенаври соли  2021 милодӣ, ки баробараст ба 6 баҳмани 1399 хуршедӣ.    Умедворам, ки дар ин рузҳои сарди зимистони бе юарқӣ танури дилҳотон ҳамиша гарму тафсон бошаду рузи хубу хушеро оғоз карда бошед.

Зеваршо Муҳаммад ҳастам, ки тибқи маъмули душанбеҳо қашангтарин оҳангҳои дибшу ошиқонаро аз каронаи Ому ва фаротар аз он барои шумо шунавандаҳои азиз гулчин микунам.  

درود امروز دوشنبه 25 ژانوی سال  2021 میلادی , که برابر‌است به 6 بهمن 1399 خورشیدی .    امیدوارم , که در این رز‌های سرد زمستان  تنور دلهاتان همشه گرم و  تفسان باشد و  رز خوب و  خوشی را آغاز کرده باشید .

زورشا محمد هستم , که طبق معمول دوشنبه‌ها قشنگ‌ترین آهنگ‌های دبش و  عاشقانه را از کرانه عام و  و فرا‌تر از آن برای شما گلچین مكنم . 

 


Jan 25, 202111:55
Аз ду суи Ому; Ба ёду хотираи Қурбоналӣ Абдулло

Аз ду суи Ому; Ба ёду хотираи Қурбоналӣ Абдулло

Қурбоналӣ  Абдулло ,  сознавоз, оҳангсоз ва овозхони таронаҳои маҳаллӣ ва мардумӣ, пас аз чиҳил сол фаъолият дар замина мусиқии асили Тоҷикӣ дар синни 57 сол бар асари бемории “Куруно” 11 январ дар шаҳри Душанбе  чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.  



Jan 18, 202111:52
Қурбоне, ки ҷони одам буду саропо лутфу меҳрубони.

Қурбоне, ки ҷони одам буду саропо лутфу меҳрубони.

Қурбон Абдулло  сарояндаи "Гулсара" ва "Куҷо мери шитобон" "қишлоқаки ман"  даргузашт.

Қурбон Абдулло, навознда, хонанда ва оҳангсози таронаҳои маҳаллӣ, пас аз чиҳил сол фаъолият дар замина мусиқии асили Тоҷикӣ дар синни 63 солаги баъди бемории начандон тӯлонии “Куруно” дар шаҳри Душанбе 11 январ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Қурбон Абдулло  даҳҳо оҳанг сохтааст, ки овозхонҳои дастаи ҳунарии “Дарё” ва дигар овозхонҳои тоҷик иҷро кардаанд.

яке аз маъруфтарин оҳангҳои ин ҳунарманди номвари кшвар оҳанги "Куҷо мери шитобон” буд, ки  ин оҳанг мутааллиқ ба даврони ҷавониҳои устод Қурбон Абдулост.

Ҳамчунин оҳанги маъруфи дигари ӯ бо забони помирӣ “Гулсара та ба хаёл аз наядум” ки бисёр шӯҳрат ёфта ва дар солҳои ахир тавассути бархе аз ҳунармандони насли тоза борҳо бозхонӣ шудааст. Ин оҳанг бар ашъори зиндаёд Сардор Раҳдор ва мусиқии устод Муборакшо Ҷумаев онқадар зебо ва самими иҷро кард ки ҳатто донандагони ин забон низ фарқ намегузоштан ки ӯ забони поириро балад нест.

Қурбон Абдулло дар муаррифии мусиқии асили Тоҷикӣ ба ҷаҳон нақши арзандае дошт.

Jan 11, 202128:36
Ошиқонатарин оҳангҳои дусадоиро дар ин барнома бишнавед.

Ошиқонатарин оҳангҳои дусадоиро дар ин барнома бишнавед.

Дуруд Зтваршоҳ ҳастам ки тибқи маъмули душанбеҳо як бағал созу навоҳои ду суи Омуро ҳамчун навиди лутфу меҳрубони  бароятон ба армуғон меоварам.  Чанд лаҳзае аз ахбори сиёсати ҷаҳон канор бигиреду гӯш ба дарёи созу таронаҳи ду суи Ому бизанед. 


Jan 11, 202111:04
Чи соли наҳсу душворе ҳама хубон сафар карданд "Соли 2020"

Чи соли наҳсу душворе ҳама хубон сафар карданд "Соли 2020"

Бо андозаи чашм ба ҳам задан рузҳои таътилу тафреҳро пушти сар гузоштем то дубора расидем ба оғози ҳафтаи ҷадиду рузи душанбе ва нахустин барномаи “Аз ду суи Ому” дар соли 2021 милодӣ,  фурсати парвоз бар фарози руди Ому ва шунидани навоҳои он фаро расид.  Дар ин барнома  тозатарин оҳангҳои Нишонаи Рустам, Сафаргул Юсуфова,  Мунир Шодмон, Нигина Амонқул ва Заҳро Илҳомро мешунавед.  

Jan 04, 202111:50
Дар 52 душанбеи соли 2020 милодӣ 52 барномаи “Аз ду суи Ому” бо 260 оҳанги ноб хидмати шумо буд

Дар 52 душанбеи соли 2020 милодӣ 52 барномаи “Аз ду суи Ому” бо 260 оҳанги ноб хидмати шумо буд

Дар 52 ҳафта ва 52 душанбеи соли 2020 милодӣ  52 барномаи “Аз ду суи Ому”  ман Зиваршо Муҳаммад бо гулчини беш аз 260 оҳанги ноб,  аз каронаи Ому ва фаротар  аз он,  хидмати шумо алоқамандони барномаи Аз ду суи Ому будам.

Dec 28, 202011:04
Тозатарин оҳангҳои ин ҳафтаро аз барномаи "Аз ду суи Омӯ" бишнавед

Тозатарин оҳангҳои ин ҳафтаро аз барномаи "Аз ду суи Омӯ" бишнавед

Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому "  таронаҳои тозае  дорем аз Рустам Азимӣ , Ҳушом Рабӣ , Азизбек Ҷўраев,  Аҳмади Ҷелонӣ ва  Умед Ҳусайнӣ. 

Dec 21, 202010:18
Дурууууд, ба яке дигар аз барномаҳои "Ду суи Ому" бо созу таронаҳои дибшу ошиқона хуш омадед.

Дурууууд, ба яке дигар аз барномаҳои "Ду суи Ому" бо созу таронаҳои дибшу ошиқона хуш омадед.

Дурууууд, ба яке дигар аз барномаҳои "Ду суи Ому"  бо созу таронаҳои дибшу ошиқона хуш омадед.

Дар барномаи ин ҳафта оҳангҳоро аз гурӯҳӣ "Шамс", Фарҳод Дарё, Ҷаҳонгир Зарифов ва Гуласал Пулотодова, Ишрат Парвоз ва Дилноза Абдуалим мешунавед.  

Dec 14, 202011:29
Оҳанги “Ҷома норинҷӣ” ва баҳсҳои доғи корбарони шабакаҳои иҷтимои атрофи либоси Фарзонаи Хуршед.

Оҳанги “Ҷома норинҷӣ” ва баҳсҳои доғи корбарони шабакаҳои иҷтимои атрофи либоси Фарзонаи Хуршед.

Оҳанги “ҷомаи норанҷӣ” аз оҳангҳои маърӯфи маҳаллие, ки бештар аз ҳар оҳанги дигар дар ҳар ду суи Ому бозхони мешавад.  Ин бор ин оҳанги машҳур бо садои Фарзонаи Хуршед хонандаи  ба номи Тоҷик ва хоҳари кучаки Шабнами Сураё.  дар яке аз  барномаи консертие,  ки ҳафтаи сипаришуда бо ҳузури доираи маҳдуди бинандаҳо дар шаҳри Душанбе баргузор шуд иҷро шуд.

Аммо на ин оҳанг балки либоси Фарзонаи Хуршед, ки ҳангоми иҷрои ин оҳанг бар тан дошт боиси баҳсҳои доғи корбарони шабакаҳои иҷтимои дар Тоҷикистн шуда онҳоро ба ду гурҳ ҷудо кард.

Dec 07, 202011:05
Нозия Кароматулло намоҳанги ҷадидаш "Ҷони ман"-ро вориди бозор кард

Нозия Кароматулло намоҳанги ҷадидаш "Ҷони ман"-ро вориди бозор кард

“Чони ман” исм нахустин намоҳанги Нозия Кароматулло ки ҳудуди чаҳор сол пас аз зоймон ва тарбияи фарзанд, оҳангу таронаиҳои тозае арзаи бозор намекард.    Матни таронаро Эҳсон Аъзамиён навишта мусқи аз Шавкат Умаров, намоҳанги ин таронаро Баҳром Негматов сохтааст.

Nov 30, 202010:49
Рунамоии олбуми оҳангҳои ҷадиди Зулайхо зери унвони "Намебахшам"

Рунамоии олбуми оҳангҳои ҷадиди Зулайхо зери унвони "Намебахшам"

Авохири ҳафтаи сипаришуда Зулайхо Маҳмадшоева овозхони ба номи тоҷик олбуми ҷадиди оҳангҳояшро бо номи “Намебахшам”, иборат аз 10 оҳанг ба бозор арза кард.
Аз оғози маҳдудиятҳои куруно дар Тоҷикистон ин нахусти рунамоии олбуми оҳангҳо аз ҷониби овозхонҳои тоҷик буд, ки аз тариқи Ютуб ва шабакаҳои иҷтимои сурат гирифт.

Ҳамон гуна ки Зулайхо дар сафҳаи инстограмаш менависад "Ба хотири хушҳолии алоқамандонам  дар аҳди куруно ва маҳдудиятҳо ин оҳангу таронаҳо лабханд бар лабон ва хушиву шодмони ба шумо азизон бибахшанд.

Зулайхо, ки аз зумраи шогирдони Манижаи Давлат овозхони саршиноси Тоҷикаст, ки солҳост Манижа тарки овозхони кардааст. Зулайхо  мегӯяд, дар таҳияи чанд оҳанги олбуми ҷадидаш зиёд аст ва аз ҷумла оҳанги “Намебахшам”  коре аз Манижаи  Давлатаст.

Дар барномаҳои баъдӣ як як ин оҳангҳои Зулайхоро хоҳем дошт

Nov 23, 202012:46
Аз ду суи Омуи ин ҳафта. Аз орзуҳои ширини муҳоҷирони кории тоҷик то сайри Дарвозу шаҳри Карон.

Аз ду суи Омуи ин ҳафта. Аз орзуҳои ширини муҳоҷирони кории тоҷик то сайри Дарвозу шаҳри Карон.

Аз ду суи Омуи ин ҳафта. Аз орзуҳои ширини бозгашт ба ватани муҳоҷирони кории тоҷик то сайри Дарвозу шаҳри Карон.

Nov 15, 202010:26
Рӯзҳои ширину иттифоқоти хубе барои шумо дар ҳафтаи ҷадид орзу микунам.

Рӯзҳои ширину иттифоқоти хубе барои шумо дар ҳафтаи ҷадид орзу микунам.

Хеле буда ки аз Ҷонибек Муродов овозхони шинохтаи Тоҷик оҳангеро дар барномаи Аз ду суи Омӯ надоштем.
Оҳанги дусадоии  Ҷонибек ва ЮлдузТурдиеворо овозхони узбакистони зери унвони “Азизи дилам” ки аз тозатари корҳои Ҷонибеку Юлдузазст.

мусиқии ин оҳангро Юлдуз Турдиево худаш сохтааст Таронасаро Орзу Исо.

Кори такмилу тадвинашро дар шаҳри Тошканди Узбакистон Ҷасур анҷом додааст.

Nov 09, 202012:42
Хуш омадед ба ошиқонатарин оҳангҳои "Ду суи Омӯ"

Хуш омадед ба ошиқонатарин оҳангҳои "Ду суи Омӯ"

Аз унвари Ому аз Афғонистон мерем Моску пойтахти Русия унҷо ки Хушруз Бахтоваршоев овозхони чавони тоҷик кору зиндаги мекунад.

Хушруз ҳамин чанд рузе қабл нахустин намоҳангашро ба бозор раза кард зери унвони “Лайло”

Мусиқии ин оҳангро Хушруз худаш навишта кори такмилу тадвинашро Сабина Мамедово анҷом додааст. Намоҳанги ин таронаро Шерози Хубоншоҳ сохтааст.

Nov 02, 202011:34
Аз ду суи Ому бо таронаҳои ошиқонаву Шоколотӣ

Аз ду суи Ому бо таронаҳои ошиқонаву Шоколотӣ

“Масти ту будам” оҳанги мондагор аз устоди ҳунар Муҳаммадҳусайн Ормон бо шаклҳои мутафовите борҳо аз сӯи овозхонҳо дар ҳар ду суи Ому иҷро шуда. Ахиран Орази Олимшо овозхони чавони тоҷик бо такмилу тадвини тоза ин оҳангро иҷро карда
Oct 26, 202011:46
Барқосо ҳафтае пушти сар шуд ва Ду суи Омуи дигар бо тозаҳои мусиқии Тоҷикистону Афғонистону Узбакистон аз роҳ расид.

Барқосо ҳафтае пушти сар шуд ва Ду суи Омуи дигар бо тозаҳои мусиқии Тоҷикистону Афғонистону Узбакистон аз роҳ расид.

Ба мисли чашм ба ҳам задан барқосо ҳафтае пушти сар шуд ва Ду суи Омуи дигар  бо тозаҳои мусиқии Тоҷикистону Афғонистону Узбакистон аз роҳ расид.

Oct 19, 202010:46
Нозияи Кароматулло: Ҳеҷ кас намедонад пушти ин чеҳраи ором дар дили нооромаш чи мегузарад.

Нозияи Кароматулло: Ҳеҷ кас намедонад пушти ин чеҳраи ором дар дили нооромаш чи мегузарад.

Ҳеҷ кас намедонад ин оромиши зоҳиру дили нооромашро. Ҳеҷ кас намедонад пушти ин чеҳраи ором дар дилаш чи мегузарад,

“Ҳеҷ кас намедонад” номи оҳанги Нозияи Кароматулло, ки барои нахустинбор ин оҳанг дар барномаи консертии бахшида ба ёдбуди падараш зиндаёд Кароматулло Қурбон иҷро шуд. Чанде қабл намоҳанги зебои  ин тарона ба бозор омад.

Oct 12, 202011:55
Мир Мафтун унвони устоди мусиқии маҳаллиро дарёфт кард

Мир Мафтун унвони устоди мусиқии маҳаллиро дарёфт кард

Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар ҷараёни як ҳамоише ҳафтаи сипаришуда ба Мир Мафтун овозхони оҳангҳои маҳаллӣ аз устони Бадахшони Афғонистон лақаб ва ё унвони устоди мусиқии маҳаллиро эъто кард.  Ин унвони пурифтихори устодӣ муборак бод ва ҳамеша муваффақ боши Мафтуни азиз. Дар ин барнома оҳангҳоро аз Юлдуз Турдиево, Навид Паймон, Мадина Қадамово, Нигина Амонқулово, Мир Мафтун, Шабир Шамс,  Мубориз Усмонуф ва Мадина Ақназарово мешунавед.

Oct 05, 202012:53
Аз ду суи Ому: Аз Зулайхо то Сурайё

Аз ду суи Ому: Аз Зулайхо то Сурайё

Ҳафтаи сипаришуда издивоҷи Сурайё Қосимовои 63-сола овозхони шинохтаи тоҷик ва модари Шабнам Сураё ва Фарзонаи Хуршед ду овозхонҳои маҳбуби тоҷик бо Пӯлод Шаропуф марди 45-сола ки аз у ба унвони варзишкор ва тоҷир ёд мешавад сару садои зиёде дар шабакашои иҷтимоб барпо кард.

Пайвандатон муборак  умедворам ки Зиндагии пур аз ишқу муҳаббат дошта бошед.   дар канори ҳам хушбахт бошед

Sep 28, 202011:51
Ҳисси дилтангиҳо ва ғаму ғурбат аз мавзӯҳое ҳамтанд ки овозхонҳои Тоҷик ин шабу рузҳо зиёд ба он рӯ меоваранд

Ҳисси дилтангиҳо ва ғаму ғурбат аз мавзӯҳое ҳамтанд ки овозхонҳои Тоҷик ин шабу рузҳо зиёд ба он рӯ меоваранд

Дар ин замоне, ки падармодарҳо моҳҳо солҳо ва моҳҳо дур аз азизону наздикони худ дар муҳоҷирату ғурбат басар мебаранд.  чӣ ранҷеаст лаззатҳоро танҳо бурдану  чӣ бадбахтии озордиҳандаест танҳо хушбахт будан. Ҳисси дилтангиҳо ва ғаму ғурбат аз мавзӯҳое ҳамтанд ки овозхонҳои тоҷик ин шабу рузҳо зиёд ба он рӯ меоваранд  Ғариби исми оҳанги ҷадиди Чахонгир Зарипов

Дар барномаи ин ҳафта тозатарин оҳангҳоро аз Аҷмал Вафо ва Ҷовид Ҳарроҷӣ, Мубориз Усмонов , Валӣ Ҳиҷозӣ бо Алида Дуко ва Тамин Ибрат, Нигина Амонқул, ва Ҷаҳонгир Зарипов мешунавед. 

Sep 21, 202011:18
Тозатарин созу таронаҳои Ду суи Ому

Тозатарин созу таронаҳои Ду суи Ому

Аз талхии рузгор ғамгин нашавед, ки хушбахтӣ метавонад аз даруни талхтарин рӯзҳои зиндагии шумо, зода шавад.  Ҳамон гунае ки Зулайхо овозхони маҳбуби тоҷик дар намоҳанги ҷадидаш бо номи “Номардо”,  ки дар сабки таронаҳои маҳҳаллӣ ва мардумӣ  иҷро шуда ишора мекунад.

Sep 14, 202011:18
Аз ду суи Ому бо навоҳои дибшу ошиқона фаротар аз маҳдудаи ҷуғрофӣ меравем

Аз ду суи Ому бо навоҳои дибшу ошиқона фаротар аз маҳдудаи ҷуғрофӣ меравем

Хуш ба ҳоли онҳое, ки  дар вақти дилтанагӣ ва танҳои лаҳзае, ки таронаи хотиротшонро мурур мекунанд  лабхнд мезананд. Бо навоҳои ду суи Ому ҳиси хушҳолӣ ва хушбахтӣ ҳамша фарогири зиндагиатон бошад.

Sep 07, 202010:47
Консерти ҷанҷолбарнгези Ориёно Саид дар шаҳри Дуселдорфи Олмон

Консерти ҷанҷолбарнгези Ориёно Саид дар шаҳри Дуселдорфи Олмон

Дар шабакаҳои иҷимои сару садо ва  интиқодҳо дар мавриди баргузории консарти Ориёно Саид сарояндаи пуровазаи Афғонистон баланд шуд. Баъзе аз мухотабон мегӯянд ба далели сел ва офоти табӣ қисмате аз мардуми Афғонистон ғамзада ҳастанд Ороино Саид барномаи консартӣ иҷро мекунад. Иддаи дигаре аз ӯ ҷонибдорӣ мекнанд.

Барномаи консартии Ориёно Саид  26 Август дар шаҳри Дуселдорфи Олмон дар толори “Айсес дум” баргузор шуд.  Аммо теълоди тамошочиёни  ин барномаи хеле маҳдуд бқда танҳо 100 нафар ифтихори ҳузур дар ин барномаро доштанд.  Боқи алоқамандои сершумори Ориёно лайф аз тариқи интернет ин барномаро тамошо карданд.

Aug 31, 202011:24
Аз солрӯзи истиқлоли Афғонистон то бозхонии оҳангҳои мардуми

Аз солрӯзи истиқлоли Афғонистон то бозхонии оҳангҳои мардуми

дар ин барнома  аз 101 умин солрузи истиқлоли Афғонистон то бозхонии оҳангҳои қадимӣ, ки албатта ҳеҷ кори баде нест аммо бояд дид чаро овозхонҳо дубора ба оҳангу таронаҳои қадимӣ рӯ овардаанд. Шояд ба далел эҷоди ностолжи дар мухотибон, ва ё оҳангҳои қадими барои мардум бештар хотираангез ҳастан аз ин ру. Шумо чи фикре доред бароямон бинависед.

Aug 24, 202011:39
Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт.

Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт.

Пас аз бемории начандон тулонӣ 16 авгст дар синни 64 солаги Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт.
Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар ҷануби Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омад.  

Баъди тащсилаш дар соли 1977 дар риштаи овозхонии Донишкадаи ҳунарҳои зебо Ҷамшед Исмоилов дар бахши забон ва адабиёти Донишгоҳи давлтии Тоҷикистон таҳсилашро идома дод.

Дар авоили солҳои 90  қарни гузашта Ҷамшед Исмоил ба унвони муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунон муовини вазири фарҳанг ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.  Оҳангҳои зиёде аз ӯ ба ёдгор мондан.  Оҳанги “Тоҷикистон” бар ашъори Гулрухсор С,  “Бахти Ошиқи” аз ашъори Лоиқ Шералӣ, “Аз зери чодарат”, Хез, модар” ва оҳанги   “Биё биё дилбарҷон” бар ашъори Абулқосим Лоҳӯтӣ аз маҳбубтарин оҳангҳои Ҷамшед Исмоил буданд.  Равонаш шоду ёдаш гиромӣ

Aug 17, 202011:40
Баҳром Ғафури садое, ки барои ҳамеша хомуш шуд.

Баҳром Ғафури садое, ки барои ҳамеша хомуш шуд.

Субҳи 7-уми август Баҳром Ғафурӣ овозхони шинохтаи тоҷик бар асари як тасодуфи ронандаги дар шаҳри Душанбе дар синни 44 солагӣ ба ҳалокат расид.

Баҳром Ғафурӣ дар авоили соли 2000-уми милодӣ ба дунёи ҳунар ворид шуд ва бо сабку услуби ба худаш хос тавонист ба дили ҳазорҳо алоқамандони ҳунараш роҳ ёбад

Aug 10, 202011:32
Боли парвоз бар фварози оҳанги ҷадиди Мадина зери унвони “Ҳамрози дил”

Боли парвоз бар фварози оҳанги ҷадиди Мадина зери унвони “Ҳамрози дил”

Ин субҳи зебои зиндагӣ ва оғози ҳафтаро барои шумо муборак мегӯям ва худо кунад ки рузу рузгори хушу хотирмоне доштабошед.  Ҳамаи шумо шунавандаиҳои азизи Подкасти барнома "Аз ду суи Ому"  дар ҳар куҷо, ки ҳастед бо иди саиди қурбон,  ки ҳамин чанд рӯзе қабл буд табрику таҳният ва орзуи хушбахтӣ ва шодкоми шуморо мекунам.

Aug 03, 202012:45