Skip to main content
ZewarshoW

ZewarshoW

By Zevarshah Mohammad
«ZewarshoW» унвони барномаи ҳафтагии Зеваршо Муҳаммад аст, ки аз тарқи подкаст канали "ZewarshoW" anchor.fm/zewarshow пахш мешавад.‏‏‏‏‏‏
Подкасти ZewarshoW барои зеҳнҳои кунҷков, барои шинохтани ҷаҳони мусиқӣ ва достони сохта шудани таронаҳои машҳур, ҳунарҳои намоишӣ, тасвирӣ, синмо ва адабиёт. Дар бахшҳои мухталифи Подкасти ZewarshoW шумо сӯҳбатҳои ҷолиберо аз, адабиёту ҳунар ва мусиқии хориҷӣ бо достонҳои ҷолиб ва сабки зиндагӣ ва мусоҳибаҳои ихтисосӣ мешунавед.
«zewarshow» عنوان برنامة هفتگی زیورشا محمّد است، که از ترق پادکست کانال "zewarshow" https:// anسhor. fm/zewarsh
Where to listen
Breaker Logo

Breaker

Google Podcasts Logo

Google Podcasts

Pocket Casts Logo

Pocket Casts

RadioPublic Logo

RadioPublic

Аз ду суи Ому: Ошиқонатарин оҳангҳои ин ҳафта 10 май 2021
Аз муҷрии ва таҳиякунандаи барномаҳои консерти то ба овозхонӣ.Мубориз Усмонов ва баргузории барномаи консертии Сафармуҳаммад дар Москва 
12:25
May 10, 2021
"Аз ду суи Ому" 3 Май 2021
Дар ин барнома оҳангҳоро аз Соро Аҳмадова, Димо Милон ва Стору, Анвар Ахмедов, Себрат Шаҳоб ва Қурбони Сафарзод мешунавед.
11:07
May 3, 2021
Этические нормы журналистики
Этические нормы журналистики 
36:19
April 26, 2021
Аз устоди донишгоҳ дар бахши молия ва иқтисод то ба овозхони уркестри симфуник
Аз устоди донишгоҳ дар бахши молия ва иқтисод  то ба овозхони уркестри симфуник. Ҳанифаи  Эмомалӣ як духтари ҷавони тоҷик пас аз шаш сол кор  ба унвони устоди  бахши молия ва иқтисоди донишгоҳ корашро канор гузошту   овозхони ҳирфаи  шуд.
12:33
April 26, 2021
“Дар оғуши мани” Достони ишқи нокоми оҳанги дусадоии Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров.
Бо фарорасии моҳи мубораки рамазон ҳамаи шумо шунавандагони азизро табрик мегӯям. “Дар оғуши мани” Достони ишқи нокоми оҳанги дусадоии Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров. 
11:05
April 19, 2021
Аз Самандар Пулодов то Аҳмад Зоҳир
Аз ду суи Омуи ин ҳафта Гулчини қашангтарин оҳангҳои дибшу ошиқона аз каронаи Ому ва фаротар аз он
11:21
April 12, 2021
"Аз ду суи Ому" оҳанги "Кӯдак" аз охарин корҳои Фарҳод Дарё
Ҳафтаеро боз пушти сар гузоштем то расидем ба рузи душанбеи дигару ду суи Омуи дигар бо тозатарин таронаҳои Тоҷикистону Афғонистон  аз каронаи Ому ва фаротар аз он.
12:18
April 5, 2021
Пас аз рузхои тафреху таътил ва гашту гузори наврузӣ дубора расидем ба рузи Душанбе, авали хафтаву “Аз ду суи Ому”-и дигар.
  Ҳафтае пур аз суруду таронаҳои тозае буд, ки овозхонҳо дар ҳарду сӯи Ому дар тантанаҳои наврӯзӣ ва маҳофили шодиву сурурур иҷро карданд, аммо  имкони гунҷондани ҳамаи онҳоро дар маҳдудаи барномаи даҳдақиқаӣ надорем. Танҳо беҳтаринҳоро барои шумо гулчин мекунем. پس از رزخایی تفریخ و  تعطیل و گشت و  گذار نوروزی دوباره رسیدیم به رز دوشنبه , اول خفته و     “   از دو س و  عام و  ”  دیگر .  هفته‌ای پر از سرود و  ترانه‌های تازه‌ای بود , که آوازخوان‌ها در هارد و  سو عام و  در طنطنه‌های نوروزی و محافل شادی و  سررور اجرا کردند , اما  امکان گنجاندن همه آن‌ها را در محدوده برنامه دهدققهی نداریم . تن‌ها بهترین‌ها را برای شما گلچین می‌کنییم . 
11:10
March 29, 2021
"Шику Румонтик" оҳанги ҷадиди Шабнам Сураё
Хуш омадед ба нахустин барномаи Аз ду суи Ому, дар нахустин душанбе, 2 фарвардини соли 1400 хуршедӣ, ва қарни ҷадиду соли говро, ки баробараст ба 22 морси 2021 милодӣ.
11:50
March 22, 2021
“Аз ду суи Ому”: Барномае, ки гулчини тозатарин оҳангҳои Тоҷикистону Афғонистону Узбакистонро дар маҳдудаи барномаи даҳдақиқаӣ, рузҳои душанбе тақдими шумо мекунад.
Рӯзҳои гарми баҳорӣ дар ду суи Ому, ки дашту даман гулпуш шуду сабзаҳои чаман дамидабуд дирӯз бо омдани дубораи барф дар аксар ҷойҳо ҳамаро зерии чодари сафеди барф кашида ҳолу ҳавои наврузу баҳорро аз байн бурд. Аммо ҳолу ҳавои дилҳоямон наврузиву баҳориҳаст ва оҳангу таронаҳои ҷадиди баҳорӣ ин шабу рузҳо дар ду суи Ому хеле зиёд ба бозор омада.
12:41
March 15, 2021
Вижабарномаи 8 март бо оҳангҳои ҷадиди бонувони овозхони ду суи Ому
8 март, рузи ҷаҳонии зан, баҳонае ҳаст барои ташаккур аз шумо бонувон ва модарони азиз, ҳаргиз чашмони меҳрубони шумо номеҳрубонии рӯзгорро набинад. Орзуи фардои беҳтар барои тамоми занон бароятон мекунам. Дар вижабарномаи 8 март оҳангҳои ҷадиди бонувони овозхони ду суи Омуро мешунавед.
11:58
March 8, 2021
Паёми умедворӣ ва сабурии Ҷонибек Мурод дар оҳанги ҷадидаш "Худо ҳаст" барои алоқамандонаш.
Ба мисли чашм баҳамзадан барқосо моҳҳо ва ҳафтаҳо пушти сар шуду инвари Омӯ дар Тоҷикистону Узбакистон аз имрӯз 1 марти соли 2021 аз рӯи гоҳшумории милоӣ баҳори нозанин аз роҳ расид. Ҷонибек Муродов, дар оҳанги ҷадидаш зери унвони “Худо ҳаст” бо як ҷаҳон ишқу муҳаббат паёме ба мухотабонаш дода ва мегӯяд ҳамаи ҷараёнҳои зиндагиатро ба мавҷи худо биспор.  Зеро танҳо мавҷе, ки ҳеҷ вақт аз ҷӯшу хурӯш намеафтад мавҷи худост.
13:06
March 1, 2021
Хуш омадед ба “Ду суи Оуму” Ба барномаи худатон.
То охири барнома моро ҳамроҳӣ кунед, беҳтаринҳо ва тозатаринҳи ду суи Ому, аз ҷаҳони мусиқии мудерни Тоҷикистону Афғонистону Узбакистонро дар ин барнома барятон гулчин кардам.
11:17
February 22, 2021
Оҳанги "Офтоб" пайки хуши бозгашт ба зиндагии маъмулӣ пас аз маҳдудиятҳи Covid 19
Мисле ки маҳдудиятҳои куруноӣ камтар шуда ва овозхонҳо дубора ба сафарҳои ҳунарӣ ва баргузории барномаҳо консартӣ  кам-камак бозмегарданд.  Нахустин намоҳанги дусадоии Ҷовид Шариф овозхони баноми Афғонистон бо Мадина Ақназарово сарояндаи оқик зери унвони “Офтоб” пайки хуши бозгашт ба зиндагии маъмулии овозхонҳост.  Матни ин таронаро Юсуф Сидиқӣ наваишта мусиқиашро Ҷовид Шариф худаш сохтааст.
10:49
February 15, 2021
Ба ёду хотираи Муборакшо, алмоси Бадахшон.
Дақиқан дар ҳаминрӯз 20 соле қабл 8-уми феврали соли 2000 милодӣ Муборакшоҳ Мирзошоҳ овозхони баноми тоҷик, ки ҳанӯз 39 сол дошт бар асари як беморӣ чашм аз олам фуру баст. Муборакшо 19 августи соли 1961 дар рустои Емси ноҳияи Рӯшони дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чашм ба олами ҳасти гушуд.  Агар умр вафо мекард имсол 19 угости 2021 Муборакшо 60 сола мебуд. Аммо бо гузашти 20 сол аз марги Муборакшо оҳангҳои ӯ ҳамоно сари забонҳо ҳастанду ёду хотироташ дар дили ҳазорҳо алоқамандонаш боқист.
11:10
February 8, 2021
Моҳи наву ҳафтаи нав бо созу таронаҳои ду суи Омуи нав
Боз ҳафтае аз Ду суи Ому гузашта то Ду суи Омуи дигар бо шуру туғён бо тозаҳои мусиқии Афғонистону Тоҷикистон тоза аз роҳ расид.  Дар ин барнома оҳангҳоро аз Аҳлддини Фахриддин , Аҳмад Ҷавод Карамӣ , Фарнгси Дунё , Аҳмади Ҷелонӣ ва Отусо Амирӣ мешунавед. 
12:13
February 1, 2021
Гулҷини тозатарин ошиқонаҳои Ду суи Ому
Дуруд имрӯз душанбе 25 яенаври соли  2021 милодӣ, ки баробараст ба 6 баҳмани 1399 хуршедӣ.    Умедворам, ки дар ин рузҳои сарди зимистони бе юарқӣ танури дилҳотон ҳамиша гарму тафсон бошаду рузи хубу хушеро оғоз карда бошед. Зеваршо Муҳаммад ҳастам, ки тибқи маъмули душанбеҳо қашангтарин оҳангҳои дибшу ошиқонаро аз каронаи Ому ва фаротар аз он барои шумо шунавандаҳои азиз гулчин микунам.   درود امروز دوشنبه 25 ژانوی سال  2021 میلادی , که برابر‌است به 6 بهمن 1399 خورشیدی .    امیدوارم , که در این رز‌های سرد زمستان  تنور دلهاتان همشه گرم و  تفسان باشد و  رز خوب و  خوشی را آغاز کرده باشید . زورشا محمد هستم , که طبق معمول دوشنبه‌ها قشنگ‌ترین آهنگ‌های دبش و  عاشقانه را از کرانه عام و  و فرا‌تر از آن برای شما گلچین مكنم .   
11:55
January 25, 2021
Аз ду суи Ому; Ба ёду хотираи Қурбоналӣ Абдулло
Қурбоналӣ  Абдулло ,  сознавоз, оҳангсоз ва овозхони таронаҳои маҳаллӣ ва мардумӣ, пас аз чиҳил сол фаъолият дар замина мусиқии асили Тоҷикӣ дар синни 57 сол бар асари бемории “Куруно” 11 январ дар шаҳри Душанбе  чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.  
11:52
January 18, 2021
Қурбоне, ки ҷони одам буду саропо лутфу меҳрубони.
Қурбон Абдулло  сарояндаи "Гулсара" ва "Куҷо мери шитобон" "қишлоқаки ман"  даргузашт. Қурбон Абдулло, навознда, хонанда ва оҳангсози таронаҳои маҳаллӣ, пас аз чиҳил сол фаъолият дар замина мусиқии асили Тоҷикӣ дар синни 63 солаги баъди бемории начандон тӯлонии “Куруно” дар шаҳри Душанбе 11 январ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Қурбон Абдулло  даҳҳо оҳанг сохтааст, ки овозхонҳои дастаи ҳунарии “Дарё” ва дигар овозхонҳои тоҷик иҷро кардаанд. яке аз маъруфтарин оҳангҳои ин ҳунарманди номвари кшвар оҳанги "Куҷо мери шитобон” буд, ки  ин оҳанг мутааллиқ ба даврони ҷавониҳои устод Қурбон Абдулост. Ҳамчунин оҳанги маъруфи дигари ӯ бо забони помирӣ “Гулсара та ба хаёл аз наядум” ки бисёр шӯҳрат ёфта ва дар солҳои ахир тавассути бархе аз ҳунармандони насли тоза борҳо бозхонӣ шудааст. Ин оҳанг бар ашъори зиндаёд Сардор Раҳдор ва мусиқии устод Муборакшо Ҷумаев онқадар зебо ва самими иҷро кард ки ҳатто донандагони ин забон низ фарқ намегузоштан ки ӯ забони поириро балад нест. Қурбон Абдулло дар муаррифии мусиқии асили Тоҷикӣ ба ҷаҳон нақши арзандае дошт.
28:36
January 11, 2021
Ошиқонатарин оҳангҳои дусадоиро дар ин барнома бишнавед.
Дуруд Зтваршоҳ ҳастам ки тибқи маъмули душанбеҳо як бағал созу навоҳои ду суи Омуро ҳамчун навиди лутфу меҳрубони  бароятон ба армуғон меоварам.  Чанд лаҳзае аз ахбори сиёсати ҷаҳон канор бигиреду гӯш ба дарёи созу таронаҳи ду суи Ому бизанед. 
11:04
January 11, 2021
Чи соли наҳсу душворе ҳама хубон сафар карданд "Соли 2020"
Бо андозаи чашм ба ҳам задан рузҳои таътилу тафреҳро пушти сар гузоштем то дубора расидем ба оғози ҳафтаи ҷадиду рузи душанбе ва нахустин барномаи “Аз ду суи Ому” дар соли 2021 милодӣ,  фурсати парвоз бар фарози руди Ому ва шунидани навоҳои он фаро расид.  Дар ин барнома  тозатарин оҳангҳои Нишонаи Рустам, Сафаргул Юсуфова,  Мунир Шодмон, Нигина Амонқул ва Заҳро Илҳомро мешунавед.  
11:50
January 4, 2021
Дар 52 душанбеи соли 2020 милодӣ 52 барномаи “Аз ду суи Ому” бо 260 оҳанги ноб хидмати шумо буд
Дар 52 ҳафта ва 52 душанбеи соли 2020 милодӣ  52 барномаи “Аз ду суи Ому”  ман Зиваршо Муҳаммад бо гулчини беш аз 260 оҳанги ноб,  аз каронаи Ому ва фаротар  аз он,  хидмати шумо алоқамандони барномаи Аз ду суи Ому будам.
11:04
December 28, 2020
Тозатарин оҳангҳои ин ҳафтаро аз барномаи "Аз ду суи Омӯ" бишнавед
Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому "  таронаҳои тозае  дорем аз Рустам Азимӣ , Ҳушом Рабӣ , Азизбек Ҷўраев,  Аҳмади Ҷелонӣ ва  Умед Ҳусайнӣ. 
10:18
December 21, 2020
Дурууууд, ба яке дигар аз барномаҳои "Ду суи Ому" бо созу таронаҳои дибшу ошиқона хуш омадед.
Дурууууд, ба яке дигар аз барномаҳои "Ду суи Ому"  бо созу таронаҳои дибшу ошиқона хуш омадед. Дар барномаи ин ҳафта оҳангҳоро аз гурӯҳӣ "Шамс", Фарҳод Дарё, Ҷаҳонгир Зарифов ва Гуласал Пулотодова, Ишрат Парвоз ва Дилноза Абдуалим мешунавед.  
11:29
December 14, 2020
Оҳанги “Ҷома норинҷӣ” ва баҳсҳои доғи корбарони шабакаҳои иҷтимои атрофи либоси Фарзонаи Хуршед.
Оҳанги “ҷомаи норанҷӣ” аз оҳангҳои маърӯфи маҳаллие, ки бештар аз ҳар оҳанги дигар дар ҳар ду суи Ому бозхони мешавад.  Ин бор ин оҳанги машҳур бо садои Фарзонаи Хуршед хонандаи  ба номи Тоҷик ва хоҳари кучаки Шабнами Сураё.  дар яке аз  барномаи консертие,  ки ҳафтаи сипаришуда бо ҳузури доираи маҳдуди бинандаҳо дар шаҳри Душанбе баргузор шуд иҷро шуд. Аммо на ин оҳанг балки либоси Фарзонаи Хуршед, ки ҳангоми иҷрои ин оҳанг бар тан дошт боиси баҳсҳои доғи корбарони шабакаҳои иҷтимои дар Тоҷикистн шуда онҳоро ба ду гурҳ ҷудо кард.
11:05
December 7, 2020
Нозия Кароматулло намоҳанги ҷадидаш "Ҷони ман"-ро вориди бозор кард
“Чони ман” исм нахустин намоҳанги Нозия Кароматулло ки ҳудуди чаҳор сол пас аз зоймон ва тарбияи фарзанд, оҳангу таронаиҳои тозае арзаи бозор намекард.    Матни таронаро Эҳсон Аъзамиён навишта мусқи аз Шавкат Умаров, намоҳанги ин таронаро Баҳром Негматов сохтааст.
10:49
November 30, 2020
Рунамоии олбуми оҳангҳои ҷадиди Зулайхо зери унвони "Намебахшам"
Авохири ҳафтаи сипаришуда Зулайхо Маҳмадшоева овозхони ба номи тоҷик олбуми ҷадиди оҳангҳояшро бо номи “Намебахшам”, иборат аз 10 оҳанг ба бозор арза кард. Аз оғози маҳдудиятҳои куруно дар Тоҷикистон ин нахусти рунамоии олбуми оҳангҳо аз ҷониби овозхонҳои тоҷик буд, ки аз тариқи Ютуб ва шабакаҳои иҷтимои сурат гирифт. Ҳамон гуна ки Зулайхо дар сафҳаи инстограмаш менависад "Ба хотири хушҳолии алоқамандонам  дар аҳди куруно ва маҳдудиятҳо ин оҳангу таронаҳо лабханд бар лабон ва хушиву шодмони ба шумо азизон бибахшанд. Зулайхо, ки аз зумраи шогирдони Манижаи Давлат овозхони саршиноси Тоҷикаст, ки солҳост Манижа тарки овозхони кардааст. Зулайхо  мегӯяд, дар таҳияи чанд оҳанги олбуми ҷадидаш зиёд аст ва аз ҷумла оҳанги “Намебахшам”  коре аз Манижаи  Давлатаст. Дар барномаҳои баъдӣ як як ин оҳангҳои Зулайхоро хоҳем дошт
12:46
November 23, 2020
Аз ду суи Омуи ин ҳафта. Аз орзуҳои ширини муҳоҷирони кории тоҷик то сайри Дарвозу шаҳри Карон.
Аз ду суи Омуи ин ҳафта. Аз орзуҳои ширини бозгашт ба ватани муҳоҷирони кории тоҷик то сайри Дарвозу шаҳри Карон.
10:26
November 15, 2020
Рӯзҳои ширину иттифоқоти хубе барои шумо дар ҳафтаи ҷадид орзу микунам.
Хеле буда ки аз Ҷонибек Муродов овозхони шинохтаи Тоҷик оҳангеро дар барномаи Аз ду суи Омӯ надоштем. Оҳанги дусадоии  Ҷонибек ва ЮлдузТурдиеворо овозхони узбакистони зери унвони “Азизи дилам” ки аз тозатари корҳои Ҷонибеку Юлдузазст. мусиқии ин оҳангро Юлдуз Турдиево худаш сохтааст Таронасаро Орзу Исо. Кори такмилу тадвинашро дар шаҳри Тошканди Узбакистон Ҷасур анҷом додааст.
12:42
November 9, 2020
Хуш омадед ба ошиқонатарин оҳангҳои "Ду суи Омӯ"
Аз унвари Ому аз Афғонистон мерем Моску пойтахти Русия унҷо ки Хушруз Бахтоваршоев овозхони чавони тоҷик кору зиндаги мекунад. Хушруз ҳамин чанд рузе қабл нахустин намоҳангашро ба бозор раза кард зери унвони “Лайло” Мусиқии ин оҳангро Хушруз худаш навишта кори такмилу тадвинашро Сабина Мамедово анҷом додааст. Намоҳанги ин таронаро Шерози Хубоншоҳ сохтааст.
11:34
November 2, 2020
Аз ду суи Ому бо таронаҳои ошиқонаву Шоколотӣ
“Масти ту будам” оҳанги мондагор аз устоди ҳунар Муҳаммадҳусайн Ормон бо шаклҳои мутафовите борҳо аз сӯи овозхонҳо  дар ҳар ду суи Ому иҷро шуда. Ахиран Орази Олимшо  овозхони чавони тоҷик бо такмилу тадвини тоза ин оҳангро иҷро карда
11:46
October 26, 2020
Барқосо ҳафтае пушти сар шуд ва Ду суи Омуи дигар бо тозаҳои мусиқии Тоҷикистону Афғонистону Узбакистон аз роҳ расид.
Ба мисли чашм ба ҳам задан барқосо ҳафтае пушти сар шуд ва Ду суи Омуи дигар  бо тозаҳои мусиқии Тоҷикистону Афғонистону Узбакистон аз роҳ расид.
10:46
October 19, 2020
Нозияи Кароматулло: Ҳеҷ кас намедонад пушти ин чеҳраи ором дар дили нооромаш чи мегузарад.
Ҳеҷ кас намедонад ин оромиши зоҳиру дили нооромашро. Ҳеҷ кас намедонад пушти ин чеҳраи ором дар дилаш чи мегузарад, “Ҳеҷ кас намедонад” номи оҳанги Нозияи Кароматулло, ки барои нахустинбор ин оҳанг дар барномаи консертии бахшида ба ёдбуди падараш зиндаёд Кароматулло Қурбон иҷро шуд. Чанде қабл намоҳанги зебои  ин тарона ба бозор омад.
11:55
October 12, 2020
Мир Мафтун унвони устоди мусиқии маҳаллиро дарёфт кард
Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар ҷараёни як ҳамоише ҳафтаи сипаришуда ба Мир Мафтун овозхони оҳангҳои маҳаллӣ аз устони Бадахшони Афғонистон лақаб ва ё унвони устоди мусиқии маҳаллиро эъто кард.  Ин унвони пурифтихори устодӣ муборак бод ва ҳамеша муваффақ боши Мафтуни азиз. Дар ин барнома оҳангҳоро аз Юлдуз Турдиево, Навид Паймон, Мадина Қадамово, Нигина Амонқулово, Мир Мафтун, Шабир Шамс,  Мубориз Усмонуф ва Мадина Ақназарово мешунавед.
12:53
October 5, 2020
Аз ду суи Ому: Аз Зулайхо то Сурайё
Ҳафтаи сипаришуда издивоҷи Сурайё Қосимовои 63-сола овозхони шинохтаи тоҷик ва модари Шабнам Сураё ва Фарзонаи Хуршед ду овозхонҳои маҳбуби тоҷик бо Пӯлод Шаропуф марди 45-сола ки аз у ба унвони варзишкор ва тоҷир ёд мешавад сару садои зиёде дар шабакашои иҷтимоб барпо кард. Пайвандатон муборак  умедворам ки Зиндагии пур аз ишқу муҳаббат дошта бошед.   дар канори ҳам хушбахт бошед
11:51
September 28, 2020
Ҳисси дилтангиҳо ва ғаму ғурбат аз мавзӯҳое ҳамтанд ки овозхонҳои Тоҷик ин шабу рузҳо зиёд ба он рӯ меоваранд
Дар ин замоне, ки падармодарҳо моҳҳо солҳо ва моҳҳо дур аз азизону наздикони худ дар муҳоҷирату ғурбат басар мебаранд.  чӣ ранҷеаст лаззатҳоро танҳо бурдану  чӣ бадбахтии озордиҳандаест танҳо хушбахт будан. Ҳисси дилтангиҳо ва ғаму ғурбат аз мавзӯҳое ҳамтанд ки овозхонҳои тоҷик ин шабу рузҳо зиёд ба он рӯ меоваранд  Ғариби исми оҳанги ҷадиди Чахонгир Зарипов Дар барномаи ин ҳафта тозатарин оҳангҳоро аз Аҷмал Вафо ва Ҷовид Ҳарроҷӣ, Мубориз Усмонов , Валӣ Ҳиҷозӣ бо Алида Дуко ва Тамин Ибрат, Нигина Амонқул, ва Ҷаҳонгир Зарипов мешунавед. 
11:18
September 21, 2020
Тозатарин созу таронаҳои Ду суи Ому
Аз талхии рузгор ғамгин нашавед, ки хушбахтӣ метавонад аз даруни талхтарин рӯзҳои зиндагии шумо, зода шавад.  Ҳамон гунае ки Зулайхо овозхони маҳбуби тоҷик дар намоҳанги ҷадидаш бо номи “Номардо”,  ки дар сабки таронаҳои маҳҳаллӣ ва мардумӣ  иҷро шуда ишора мекунад.
11:18
September 14, 2020
Аз ду суи Ому бо навоҳои дибшу ошиқона фаротар аз маҳдудаи ҷуғрофӣ меравем
Хуш ба ҳоли онҳое, ки  дар вақти дилтанагӣ ва танҳои лаҳзае, ки таронаи хотиротшонро мурур мекунанд  лабхнд мезананд. Бо навоҳои ду суи Ому ҳиси хушҳолӣ ва хушбахтӣ ҳамша фарогири зиндагиатон бошад.
10:47
September 7, 2020
Консерти ҷанҷолбарнгези Ориёно Саид дар шаҳри Дуселдорфи Олмон
Дар шабакаҳои иҷимои сару садо ва  интиқодҳо дар мавриди баргузории консарти Ориёно Саид сарояндаи пуровазаи Афғонистон баланд шуд. Баъзе аз мухотабон мегӯянд ба далели сел ва офоти табӣ қисмате аз мардуми Афғонистон ғамзада ҳастанд Ороино Саид барномаи консартӣ иҷро мекунад. Иддаи дигаре аз ӯ ҷонибдорӣ мекнанд. Барномаи консартии Ориёно Саид  26 Август дар шаҳри Дуселдорфи Олмон дар толори “Айсес дум” баргузор шуд.  Аммо теълоди тамошочиёни  ин барномаи хеле маҳдуд бқда танҳо 100 нафар ифтихори ҳузур дар ин барномаро доштанд.  Боқи алоқамандои сершумори Ориёно лайф аз тариқи интернет ин барномаро тамошо карданд.
11:24
August 31, 2020
Аз солрӯзи истиқлоли Афғонистон то бозхонии оҳангҳои мардуми
дар ин барнома  аз 101 умин солрузи истиқлоли Афғонистон то бозхонии оҳангҳои қадимӣ, ки албатта ҳеҷ кори баде нест аммо бояд дид чаро овозхонҳо дубора ба оҳангу таронаҳои қадимӣ рӯ овардаанд. Шояд ба далел эҷоди ностолжи дар мухотибон, ва ё оҳангҳои қадими барои мардум бештар хотираангез ҳастан аз ин ру. Шумо чи фикре доред бароямон бинависед.
11:39
August 24, 2020
Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт.
Пас аз бемории начандон тулонӣ 16 авгст дар синни 64 солаги Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт. Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар ҷануби Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омад.   Баъди тащсилаш дар соли 1977 дар риштаи овозхонии Донишкадаи ҳунарҳои зебо Ҷамшед Исмоилов дар бахши забон ва адабиёти Донишгоҳи давлтии Тоҷикистон таҳсилашро идома дод. Дар авоили солҳои 90  қарни гузашта Ҷамшед Исмоил ба унвони муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунон муовини вазири фарҳанг ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.  Оҳангҳои зиёде аз ӯ ба ёдгор мондан.  Оҳанги “Тоҷикистон” бар ашъори Гулрухсор С,  “Бахти Ошиқи” аз ашъори Лоиқ Шералӣ, “Аз зери чодарат”, Хез, модар” ва оҳанги   “Биё биё дилбарҷон” бар ашъори Абулқосим Лоҳӯтӣ аз маҳбубтарин оҳангҳои Ҷамшед Исмоил буданд.  Равонаш шоду ёдаш гиромӣ
11:40
August 17, 2020
Баҳром Ғафури садое, ки барои ҳамеша хомуш шуд.
Субҳи 7-уми август Баҳром Ғафурӣ овозхони шинохтаи тоҷик бар асари як тасодуфи ронандаги дар шаҳри Душанбе дар синни 44 солагӣ ба ҳалокат расид. Баҳром Ғафурӣ дар авоили соли 2000-уми милодӣ ба дунёи ҳунар ворид шуд ва бо сабку услуби ба худаш хос тавонист ба дили ҳазорҳо алоқамандони ҳунараш роҳ ёбад
11:32
August 10, 2020
Боли парвоз бар фварози оҳанги ҷадиди Мадина зери унвони “Ҳамрози дил”
Ин субҳи зебои зиндагӣ ва оғози ҳафтаро барои шумо муборак мегӯям ва худо кунад ки рузу рузгори хушу хотирмоне доштабошед.  Ҳамаи шумо шунавандаиҳои азизи Подкасти барнома "Аз ду суи Ому"  дар ҳар куҷо, ки ҳастед бо иди саиди қурбон,  ки ҳамин чанд рӯзе қабл буд табрику таҳният ва орзуи хушбахтӣ ва шодкоми шуморо мекунам.
12:45
August 3, 2020
Аз ду суи Ому, ҳамнишини шабҳои Нигина
Аз ду суи Ому 27 июл бо тозатарин оҳангҳои Тоҷиуистону Афғонистон 
17:52
July 27, 2020
Ёсуман ва гурӯҳи “eski shahar” ва ё «шаҳри қадим” аз Узбакистон оҳанги “Азизон”-ро дубора бозхонӣ кард.
Чаро оҳангҳои қадими ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи овозхонҳои имрӯзӣ ҳастанд ва бо гузашти  солҳо аз интишори ин оҳангҳо ҳамчунон иддаи зиёде аз мардум тарафдори оҳангҳои қадимӣ ҳастанд.?  Ёсуман ва  гурӯҳи “eski shahar” ва ё «шаҳри қадим” оҳанги “Азизон” ки авохири даҳаи 80- милодӣ Далер Назар иҷро карда буд дубора бозхонӣ кард.
10:54
July 20, 2020
Худоназар Паллаев сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон.
Достони зиндаги ва муваффақияти Худоназар Паллаев, сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон,
22:00
July 15, 2020
Дилбар Маҳмудова, рақсанда ва оҳангсозу овозхоне, ки аз ёдҳо рафта
Дилбар Маҳмудова, рақсанда ва оҳангсозу овозхон, ки ҳанӯз аз оғози  даҳаи  70 -и қарни гузашта аксари овозхонҳои тоҷик оҳангҳои ӯро месуруданд.  дар авоили солҳои 30  қарни гузшта  пас аз таъсиси  нахустин теотр дар шаҳри Сталинобод, ки ҳоло  Душанбе ном дорад, падару модараш Саломат Ғозибекова ва Саид Маҳмудов  аз Бухоро ба ин шаҳр омада аз нахустин ҳунармандони теотри тоҷик  буданд.
20:07
July 9, 2020
Азиз Ваҳобов, бозгашт ба дунёи ҳунар пас аз 15 сол
Чигуна Азиз Ваҳобов физика ва матемматикаро дар донишкадаи омузгорӣ раҳо карда ба унвони овозхон ба Филармония омад?
27:16
July 2, 2020
Ёде аз устод Сорбон овозхони пуровоза ва маҳбуб
Мусиқӣ нируи ҳаётбахшест, ки ба гунае асроромез, хотираҳои дӯртарин рӯзҳои фаромӯшшудаи зиндагиро дар қалбҳо бедор мекунад. Қаҳрамони бахши пешкисватон Абдурраҳим Маҳмудӣ  ки миёни алоқамандони ҳунараш бештар бо номи «Сорбон» шинохташудааст  Сорбон яке аз маъдуд хонандаҳои Аф-онистон  буд, ки ғазалҳои ирфонӣ ва фалсафӣ мехонд ва ҳамвора нола мекарду мехонд "ё мавло дилам танг омадааст".
15:35
June 29, 2020
Зулайхо, Мадина ва Меҳрнигор дар баробари зеботарин бонувони овозхони Осиёи Марказӣ
Ҳафтаи сиришуда  як расонаи Чинӣ зери унвони “Роҳи абрешими нав” аз  миёни 13 бонуи зебои овозхон дар Осиёи Марказӣ,  се овозхони тоҷик,  Зулайхо Маҳмадшоева, Мадина Ақназарова ва Меҳрнигор Рустамро ба унвони зеботариин овозхонҳо ном бурд. Ин се овозхони ҷавони тоҷик дар баробари зеботарин бонуҳои овозхони Осиёи Марказӣ аз  Ӯзбакистон, Қазоқистон, ва Қирғизистон муаррифӣ шуданд.
11:51
June 22, 2020
Эҳсон Аъзамиён, чигуна дипломат таронасаро шуд
Эҳсон Аъзамиён, шоир ва таронасарои ҷавони тоҷик  қаҳрамони барноми ин ҳафта 
34:53
June 17, 2020
Доробшо Хушвахтов оҳанге сохта ба хотираи Фархунда Маликзода
Доробшо Хушвахтов овозхон ва оҳангсози тоҷик, ки ҳамроҳи хонаводааш дар Бейрут, пойтахти ҷумҳурии Лубнон басар мебарад оҳангеро сохта ба хотираи Фархунда Маликзода духтари 27 солаи Афғонистонӣ, ки панҷ соле қабл аз дасти  мардони ҷоҳиле дар маркази шаҳри Кобул сангборон шуд. Ин оҳангро Мунира овозхони ҷавони тоҷик иҷро кардааст. Дар ин барнома  оҳангҳои тоза аз Раҳмия Аюбӣ, Шӯҳрат Усмонуф, Мунира, Сунито Ализод ва Дилрабо Қурбонова мешунавед 
10:50
June 15, 2020
Дилошуб Орифзода имрузу фардои синамо
Дилошуб Орифзода, продюсер ва ё тавлидкунандаи филм аз мушкилоти филмофари дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад.
35:47
June 9, 2020
"Аз ду суи Ому": Бо навоҳои тоза аз Душанбе то Кобулу Самарқанд‏
"Аз ду суи Ому": Бо навоҳои тоза аз Душанбе то Кобулу Самарқанд‏.  Дар барномаи ин ҳафта таронаҳое аз Ҳорун Иброҳимӣ, Отабек Муталхоҷаев, Моҳира Тоҳирӣ, Аҳмад Асалбек, Умед ва Носир Мусавӣ мешнуед.
12:17
June 8, 2020
Тозатарин ошиқонаҳои Тоҷикистону Афғонистон
Тозатарин ошиқонаҳои Тоҷикистону Афғонистон.  Дар барномаи ин ҳафта ошиқонтарин оҳангҳоро аз Шабнам Сураё, Фарҳод Дарё, Меҳрнигори Рустам,   Ориёно Саид, Муҷтабо Ховарӣ ва Ирфон Мубин мешунавед
10:16
June 1, 2020
Дарду доғи Ҷобиршоҳи Хубоншоҳ
Ҷобиршоҳи Хубоншоҳ  ҳунарпешаи театри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ аз кам таваҷҷӯҳии ҷавонон ба театр ва мушкилоти фарҳангу ҳунар дар Бадахшон сӯҳбат мекунад
25:10
May 27, 2020
Садое ки барои ҳамеша хомуш шуд аз Хуршеди Алидод то Ҷурабек Назрӣ
Хафтаи сипаришуда фарҳангу ҳунари Тоҷикистон талафати зиёде дод. ду тан аз чеҳраҳои саршиноси кишвар ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Хуршед Алидод ва Ҷӯрабек Назрӣ,
12:24
May 25, 2020
Аз хиёбонҳои Душанбе то кӯчаҳои Порис бо Адибаи Азиз.
Аз хиёбонҳои Душанбе то кӯчаҳои Порис бо Адибаи Азиз. Адиба дар шеърҳояш дар баробари  мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ҳамчунон аз  дарду доғи занон дар саросари олам мегӯяд.
35:50
May 20, 2020
"Аз ду суи Ому" Рӯзҳои қарантина гилоя аз замину замон ё фурсате дар канори хонавода ва азизон будан.
"Аз ду суи Ому" 18 Май .  Рӯзҳои қарантина  гилоя аз замину замон ё фурсате дар канори хонавода ва азизон будан. روزهای قرنتینه، فرصت گلایه از زمین و زمان یا فرصتی در کنار خانواده و عزیزان
11:02
May 18, 2020
Достони пахши оҳанги "Душанбе" ва орзуҳои ногуфтаи Ҷаъфар Ҷалол дар подкасти ZewarshoW
Аз хотироти даврони донишҷӯӣ ва достони пахши оҳанги "Душанбе" то ишқи таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва орзуҳои ногуфтаи Ҷаъфар Ҷалол дар  барномаи "Оҳанги зиндагӣ"   подкасти ZewarshoW 
30:05
May 13, 2020
Аз ду суи Ому: Таронаҳои мондагор ва баёдмонданӣ
Шунидани оҳангу таронаҳои хотирҳангези қадими бо садои овозхонҳои насли ҷадид чизи тозае нест. Тақрибан бештари хонандаҳои имрӯзи оҳангҳое аз осори қадимӣ иҷро мекунанд, ки гоҳе бо истиқболи гарми мухотибон рӯбарӯ шуданд ва гоҳе ҳам мавриди интиқод қарор мегиранд. Аммо натанҳо осори қадимӣ бозхони мешаванд ҳатто оҳангҳои ҷадид ҳам. Дар ин барнома бишнавед. 
22:30
May 12, 2020
Аз ду суи Ому 4 Май
Аз Нишонаи Рустам то Маҳмуди Хушнавоз садое, ки барои ҳамеша хомӯш шуд.
12:54
May 6, 2020
Аз ду суи Ому: рӯзадори зери сояи круно
Мужда Ҷамолзода яке аз хонандагони маъруф ва бозигари синамову мудели маъруф оҳанги ҷадидеро ба бозор арза кард. Мужда, ки дар овони кӯдаки ҳамроҳи хонаводааш ба кишвари Конодо  муҳоҷират кард ҳануз аз навҷавонӣ алоқа зиёде ба мусиқӣ ва овозхонӣ дошт. Дар  брномаи ин ҳафта, таронаҳои тозае аз Мужда Ҷамолзода, Сафармуҳаммад, Шабнам Ибрат Исмоил Исмоилов ва Шабнам Раҳмонёнро мешунавед.  مژده جمالزاده یکی از خوانندگان معروف و بازیگر سینما و مودیل معروف آهنگ جدیدی را به بازار عرضه کرد.   مژده، که در آوان کودک همراه خانواده‌اش به کشور کانادا مهاجرت کرد هنوز از نوجوانی علاقه زیادی به موسیقی و آوازخوانی داشت.   در برنامة این هفته، ترانه‌های تازه‌ای از مژده جمالزاده، سفر‌محمّد، شبنم عبرت اسماعیل اسماعیلاو و شبنم رحمانیان را می‌شونوید.
11:38
April 27, 2020
Чилахон Холов, овозхони оҳангҳои мардумӣ. چلخان خالاو، آوازخوان آهنگهای مردمی.
Чилахон Холов агарчи мактаби мусиқӣ ва ё донишкадаи ҳунарҳои зеборо нахондааст аммо маҳорати хоссе барои иҷрои оҳангҳои маҳаллӣ ва мардумӣ дорад. Оҳангҳои хосе ки дар сабки Сайҳонӣ бародарон Гули Хаспалаву Гули Палабарг иҷро мекарданд. Имрӯз касе ин навъи иҷрои онҳоро надорад ва як андоза фаомуш шудааст. Мурчаи Набибой яке дигр аз таронасарёни оҳангҳои мардумӣ ки сабку наҳваи иҷрои ба худаш хос доштааст ва ҳамчунин худаш тарона ва мусиқӣ низ эҷод карда дар маҳфилҳои мардумӣ иҷро мекардаст.  چلخان خالاو اگر چه مکتب موسیقی و یا دانشکدة هنرهای زیبا را نخوانده است امّا مهارت خاصی برای اجرای آهنگهای محلی و مردمی دارد.   قصّه‌های جالبی از سبک سیحانی برادران گل خسپله و گل پلبرگ و مورچة نبیبای را در این برنامه بشنوید.
31:16
April 24, 2020
Баҳси алоқамандони Ориёно Саид ва ё Шариф Соҳил руи оҳанги “Захми забону ханҷар”
Дунёи мусиқи ҳамеша рақобатҳои худашро дошт. Гоҳе солим ва гоҳе ҳам носолими Чаро ин оҳанги Ориёно Саид ин ҳама ғавғоро барпо кард Кадом овозхон Ориёно Саид ва ё Шариф Соҳил оҳанги “Захми забону ханҷар” -ро аввал иҷро карда? Дар ин барнома оҳангҳоро аз Валиҷон Азизов, Ориёно Саид, Шариф Соҳил, Авасто Ёрзода ва   Дилрабо Курбонова мешугавед  دنیای موسیق همیشه رقابتهای خودش را داشت. گاهی سالم و گاهی هم ناسالم   چرا این آهنگ آریانا سعید این همه غوغا را برپا کرد   کدام آوازخوان آریانا سعید و یا شریف ساحل آهنگ“زخم زبان و خنجر”-را اوّل اجرا کرده؟   در این برنامه آهنگها را از ولیجان عزیزاو، آریانا سعید، شریف ساحل، اوستا یارزاده و    دلربا کورباناوه می‌شوگوید
11:30
April 20, 2020
Ёду номи Сардори Раҳдор гиромӣ бод
Дар барномаи ин ҳафта таронаҳои тозае мешнавем аз Борони Саҷҷодӣ, Азизбеки Худоёр, Раҳмати Рӯшонӣ, Кова Аминӣ ва Шаҳбону Меҳриёр. Ёде аз Сардор Раҳдор, шоир ва таронасарои Тоҷикистон мекунем, ки дар син 66 солагӣ аз олам даргузашт‏.
11:31
April 13, 2020
шоир ва таронасаро Сардор Раҳдор
Меҳмони барномаи инҳафтаи  “Оҳанги Зиндагӣ” шоир ва таронасаро Сардор Раҳдор узви иттиҳодияи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сӯҳбати мо бо Сардор Раҳдор баъди муарифии китоби ҷадидаш зери унвони “шеърҳои чидашуда” сурат гирифт.
30:44
April 6, 2020
Аз ду суи Ому: Хона ҷойи мост, круно дар беруност
Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому"  тозатарин оҳангҳоро  аз  Аброр Назаров, Фарҳод Дарё, Мадина Ақназарова  ва Хуҷастаи Мирзовалӣ мешунавед.
12:33
April 6, 2020
Аброр Назаров: Чаро истедодҳо ба телевизион роҳ намеёбанд?
Қаҳрамони барномаи ин ҳафтаи барнома Аброр Назаров овозхони ҷавон ва фарзанди Далер Назаров, овозхони шинохта ва маҳбуби тоҷик 
38:01
April 1, 2020
Круно барномаҳои Садриддин Наҷмиддинро баҳам зад. کرونا برنامه‌های صدرالدّین نجم‌الدین را بهم زد.
Ба далели пешгири аз шуйӯъи вируси круно, тамоми барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқӣ дар саросари ҷаҳон лағв шуд дар бисёре аз кишварҳо ҳунармандон ва овозхонҳо  аз роҳҳои эҷоди шодӣ барои парасторон ва беморон дар саҳни бемористонҳо барномаҳои консертӣ барои тақвияти  рӯҳияи мардуме ки дар муқобила бо бемори круно дасту панҷа нарм мекунанд иҷро мекунанд.  Албатта парасторон ва беморони круноӣ ин барномаҳоро аз пушти панҷараи бемористон назора мекунанд. به دلیل پیشگیر از شیوع ویروس کرونا، تمام برنامه‌های فرهنگی و موسیقی در سراسر جهان لغو شد در بسیاری از کشورها هنرمندان و آوازخوانها از راههای ایجاد شادی برای پرستاران و بیماران در صحن بیمارستانها برنامه‌های کنسرتی برای تقویت روحیة مردمی که در مقابله با بیمار کرونا دست و پنجه نرم می‌کنند اجرا می‌کنند. البتّه پرستاران و بیماران کرونایی این برنامه‌ها را از پشت پنجرة بیمارستان نظاره می‌کنند.
11:56
March 30, 2020
Хотираҳои наврӯзии Офоқи Қодириён
Ёде аз оинҳои қадим ва ҷадид дар иди Наврӯз Иди Наврӯз, ки як суннати куҳан дар Тоҷикистонаст ҳамасола ҷашн  гирифта мешавад ва расму оинҳои хоси худро дорад. Ҳар минтақаи кишвар ва  ҳар шаҳре суннатҳои хоси худро дорад, ки дар иди Наврӯз анҷом дода  мешавад. عید نوروز، که یک سنّت کهن در تاجیکستانست همه‌ساله جشن گرفته می‌شود و رسم و آیینهای خاص خود را دارد. هر منطقة کشور و هر شهری سنّتهای خاص خود را دارد، که در عید نوروز انجام داده می‌شود
14:19
March 24, 2020
Хотираҳои наврӯзии Мирзо Шукурзода - нависанда خاطره‌های نوروزی میرزا شکورزاده-نویسنده
Ёде аз оинҳои қадим ва ҷадид дар иди Наврӯз Иди Наврӯз, ки як суннати куҳан дар Тоҷикистонаст ҳамасола ҷашн  гирифта мешавад ва расму оинҳои хоси худро дорад. Ҳар минтақаи кишвар ва  ҳар шаҳре суннатҳои хоси худро дорад, ки дар иди Наврӯз анҷом дода  мешавад. عید نوروز، که یک سنّت کهن در تاجیکستانست همه‌ساله جشن گرفته می‌شود و رسم و آیینهای خاص خود را دارد. هر منطقة کشور و هر شهری سنّتهای خاص خود را دارد، که در عید نوروز انجام داده می‌شود.
12:57
March 23, 2020
Вижа барномаи Наврӯзии "Аз ду суи Ому" ویژه برنامة نوروزی "از دو سوی آمو"
Чодари сабзу гулранги навруз имрузҳо густурда дар паҳнои наврузистон мантақе, ки имрузҳо пур аз созу овоз ва ошиқонатарину баҳоронатарин оҳангҳост. Он ҷое, ки Наврузро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. дар ин барнома оҳангҳоро аз Ҳақназар ва писараш Чоршанбе Аловатов,  Шӯҳрат Сайнаков, Ориёно Саид,  Меҳрнигор  Рустам, Самир Бахш ва Мадина Ақназарово мешунавед.    چادر سبز و گلرنگ نوروز امروزها گسترده در پهنای نوروزستان منتقی، که امروزها پُر از ساز و آواز و عاشقانترین و بهارانترین آهنگهاست. آن جایی، که نوروز را با شکوه و شهامت جشن می‌گیرند.   در این برنامه آهنگها را از حق‌نظر و پسرش چارشنبه الاوتاو،  شهرت سینکاو، آریانا سعید،  مهر‌نگار رستم، سمیر بخش و مدینه اقنزراوا می‌شونوید.
11:39
March 23, 2020
Хотираҳои наврӯзии Сайидалӣ Маъмур خاطره‌های نوروزی سیّدعلی مأمور-نویسنده
Дар ин барнома Сайидалӣ Маъмур шоири шинохтаи тоҷик хотиоти худро дар мавриди  оинҳои қадим ва ҷадид дар Наврӯзӣ мегӯяд, ки як суннати куҳан дар Тоҷикистонаст ҳамасола ҷашн  гирифта мешавад ва расму оинҳои хоси худро дорад. Ҳар минтақаи кишвар ва  ҳар шаҳре суннатҳои хоси худро дорад, ки дар иди Наврӯз анҷом дода  мешавад.  در این برنامه سیّدعلی مأمور شاعر شناختة تاجیک خاتیات خود را در مورد آیینهای قدیم و جدید در نوروزی می‌گوید، که یک سنّت کهن در تاجیکستانست همه‌ساله جشن گرفته می‌شود و رسم و آیینهای خاص خود را دارد. هر منطقة کشور و هر شهری سنّتهای خاص خود را دارد، که در عید نوروز انجام داده می‌شود
12:49
March 21, 2020
Хотираҳои наврӯзии Меҳринисо. خاطره‌های نوروزی مهرینیسا.
Ёде аз оинҳои қадим ва ҷадид дар иди Наврӯз, ки як суннати куҳан дар Тоҷикистонаст ҳамасола ҷашн  гирифта мешавад ва расму оинҳои хоси худро дорад. Ҳар минтақаи кишвар ва  ҳар шаҳре суннатҳои хоси худро дорад, ки дар иди Наврӯз анҷом дода  мешавад.  یادی از آیینهای قدیم و جدید در عید نوروز، که یک سنّت کهن در تاجیکستانست همه‌ساله جشن گرفته می‌شود و رسم و آیینهای خاص خود را دارد. هر منطقة کشور و هر شهری سنّتهای خاص خود را دارد، که در عید نوروز انجام داده می‌شود.
13:03
March 21, 2020
Хотираҳои наврӯзии Сиёвуш Ҷунайдӣ
Ёде аз оинҳои қадим ва ҷадид дар иди Наврӯз Иди Наврӯз, ки як суннати куҳан дар Тоҷикистонаст ҳамасола ҷашн гирифта мешавад ва расму оинҳои хоси худро дорад. Ҳар минтақаи кишвар ва ҳар шаҳре суннатҳои хоси худро дорад, ки дар иди Наврӯз анҷом дода мешавад.
13:49
March 21, 2020
Хотироти наврузии Гулрухсор
Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик  ва хотироти наврузии ӯ 
13:54
March 18, 2020
Тозатариин оҳангҳои ҳафта: Мусиқӣ дар асри Круно
 Дар барномаи ин ҳафта оҳангҳоро аз Хуҷастаи Мирзовалӣ, Мадина Ақнзрова, Самия ва Муҳаммадрфӣ Кароматолла мешунавед
11:58
March 16, 2020
"Аз ду суи Ому" Рузи ҷаҳонии зан ва ё модар?
Дар барноими ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому" оҳангҳоро аз Амина Юсуфи, Муҳаммадрафӣ ва хоҳараш Нозия Кароматулло, Закия, Фарзод Ҳайдарӣ, Нигина Амонқулово ва Қосим Ҷомӣ мешунвед.
11:47
March 9, 2020
"Аз ду сӯи Ому": Аз Шафақ Сияҳпӯш то Шабнам‏ Сураё
Чи дар Теҳрон бошену чи Шероз, чи Ҳирот чи Кобул чи Душанбевау Хуҷанду Самарқанду Бухоро хулас дар ҳаркуҷои ин курраи хокӣ ки ҳастед ва душанбеҳо чашмбароҳу гуш ба навоҳои “Ду суи Ому" доред  аз ман Зеваршоҳ муҷрӣ ва таҳиякунандаи ин барнома Дуруууууд ва хуш омадед ба барномаи худатон. 
13:48
March 2, 2020
"Аз ду суи Ому" бозхонии оҳанги Далер Назаров
Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому" таронаҳои тозаеро аз Ҳасан Камол, Ҷамал Каримӣ, Нилуфар Саидова, Шаҳнозаи Рустам ва Себрат Саҳоб мешунавед. 
12:04
February 24, 2020
Тозатарин ошиқонаҳои Тоҷикистону Афғонистон‏.
Барномаи "Аз ду сӯи Ому"  бо оҳангҳои  ошиқонаи  зебо аз Тоҷикистону  Афғонистон‏. Дар ин барнома оҳангҳоро аз Ғазал Содот, Зулайхо, Меҳрнигор Рустам, Дилоғо Суруд ва Дмирбек Оламов мешунавед.
11:03
February 17, 2020
"Аз ду сӯи Ому": Баҳси ҳунарии Манижа Сабо ва Ҳуҷҷат Раҳимӣ‏
Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду сӯи Ому"  оҳангҳоро аз Парвин Юсуфӣ, Ҷахонгир Зарифов, Умар Шариф ва Фирӯза Ҳафизова ва баҳси ҳунарии Манижа Сабо ва Ҳуҷҷат Раҳимӣ‏ро мешунавед.
10:02
February 10, 2020
Фируз Сабзалив ва афсонаҳои халқи тоҷик
Фируз Сабзалиев, ҳунарпешаи синамо ва театр барои нахустинбор афсонаҳои халқии тоҷикро ба шакли савтӣ ва бо  гӯишҳои мардумии Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ ва ҳамчунин забонҳои Помирӣ сабт намуд. Ин афсонаҳоро ҳунарпешаҳои ҳирфаии театру синамо овоз додаанд .
35:03
February 5, 2020
"Аз ду сӯи Ому": аз Фарзонаи Хуршед то Реҷо Роиҳш
 Дар ин барнома тозатарин таронаҳои Фарзонаи Хуршед, Беҳрӯз Мирзоев, Набӣ ва Реҷо Роҳеш, Парвиз Само ва Ҷаҳонгир Зарифовро мешунавед.
10:60
February 3, 2020
Барномаи "Аз ду суи Ому" аз Шабнам Сураё то Карим Сулҷер
Хуш омадед ба барномаи худатон  “Аз ду суи Ому” Умедворам, ки дар ин рӯзҳои сарди зимистони  рузи хубу хушеро оғоз карда боше Дар ин барнома таронаҳое аз Шабнам Сурайё, Бактош Юсуфзай, Саҳар Ориян ва Карим Сулҷер мешунаед.
10:21
January 27, 2020
Барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому" 20 январ 2020
Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому" оҳангҳоро аз  Илёс Солеҳӣ, Ғазал Содот, Аҳлиддини Фахриддин ва Соро Сурур мешунавед.
12:10
January 20, 2020
Аз ду суи Ому: Ёде аз Муқаддас Набиева
Дар барнома ин ҳафта оҳангҳоро аз Юлдуз Турдиева , Хадича Усмонова, Билол Акбарӣ, Муқаддас Набиева ва Ситорам Кароматулло мешунавед.
12:37
January 15, 2020
"Аз ду суи Ому" Соли тоза бо навоҳои тоза
"Аз ду суи Ому" Соли тоза бо навоҳои тоза Дар барномаи ин ҳафта оҳангҳоро аз Башир Вафо ва Насим Вафо, Мадина Ақназарова, Ваҳид Ромин ва Фаридуни Хуршед мешунавед.
10:08
January 6, 2020
"Аз ду сӯи Ому": истиқболи музикол аз соли 2020 милодӣ
 Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду сӯи Ому",  Аз пирузии  Чоршанбе Аловатов то оҳанги  "Дашти"-и  Ашкон Араб ва комёбтарин оҳангҳои Тоҷикистону Афғонистон  дар сол 2019 милодиро мешунавед.
12:43
December 30, 2019
гуруҳи "Pdnj-Line" сӯҳбати ҷолибе бо Назар ва Қандил
Дар барномаи ин ҳафта сӯҳбате дорем бо Назардод Усмонӣ, овозхони  гуруҳи "Pdnj-Line"  ва Қандил Тоиров продюсери ин гурӯҳ. 
34:47
December 25, 2019
Гурӯҳи "PANJ-LINE", Назардод Усмонӣ меҳмони вежаи барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому"
Меҳмони вежаи барномаи ин ҳафта овозхони гуруҳи "PANJ-LINE", Назардод Усмонӣ ва Қандил Тоиров продюсери ин гуруҳ  бо гитар ва садои хуш дар дафтари бахши форсии радиои Би Би Сӣ  барои шунавандагон оҳангеро зинда хондан.
14:08
December 23, 2019
"Аз ду сӯи ому": Тозатарин таронаҳо дар охарин рӯзҳои соли 2019
"Аз ду суи Ому" Тозатарин таронаҳо дар охари рузҳои соли 2019. То охари соли 2019 милоди камтар аз ду ҳафтаи дигар боқӣ монда.  Кадом овозхони ду сӯи Ому дар соли 2019 хуш дурахшид?. Мувафақтарин овозхонҳоӣ ду сӯӣ Ому аз нигоҳӣ шумо. Исми ин овозхон ва оҳангашро бароям аз тариқӣ телегром,  ва ё сафҳаи фейсбуки барномаи “ду суи Ому” бароям бифиристид. Садриддин Наҷмиддин ............. صدرالدّین نجم‌الدین Сито Қосимӣ ……………………..….…  سیتا قاسمی Нигина Амонқулова ……................  نگینه امانقولاوه Ориёно Саид ………………………....... آریانا سعید  Шабнам Сураё…………………..........  شبنم سوریا  Қайс Улфат…………………….….......... قیس الفت Валиҷон Азизов …………............... ولیجان عزیزاو Ғизол Иноят ……………………........... غزال عنایت Меҳрнигори Рустам ……….............. مهر‌نگار رستم   Фотима Машрабова ……................  فاطمه مشرباوه
11:01
December 17, 2019
Сӯҳбате бо Шӯҳрат Сайнаков раҳбари гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон"
Дар меҳмонии барномаи "Оҳанги зиндаги" сӯҳбате доштем бо Шӯҳрат Сайнаков раҳбари  гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон" 
29:29
December 11, 2019
"Аз ду суи Ому" Комёбтарин овозхони соли 2019 кист?
То охари соли 2019 милоди каме бештар аз се ҳафтаи дигар боқӣ монда. Ҳоло Дар соле 2019 кадом овозхони ду сӯи Ому хуш дурахшиданд. Мувафақтарин овозхонҳоӣ ду сӯӣ Ому аз нигоҳӣ шумо. Исми ин овозхон ва оҳангашро бароям аз тариқӣ телегром, ва ё сафҳаи фейсбуки барномаи “ду суи Ому” бароям бифиристид.
11:47
December 9, 2019
Суҳбати ихтисоси бо Моҳира Тоҳири ва Шафиқ Қиём
Суҳбати  ихтисоси бо Моҳира Тоҳирӣ ва Шафиқ Қиём раҳбари ширкати "Қиём ентартеймент" атрофи Оҳанги ҷадиди "эй дуст" ки Моҳира Тоҳирӣ ва Сито Қосимӣ ду садои иҷро карданд. گفتگوی اختصاص با ماهره طاهر و شفیق قیام رهبر شرکت "قیام انترتییمینت" اطراف آهنگ جدید "ای دوست" که ماهره طاهری و سیتا قاسمی دو صدای اجرا کردند.
27:48
December 4, 2019
"Аз ду суи Ому" бо таронаҳои ҷовидона ва баёдмондании Аҳмад Зоҳиру Муборакшоҳ Мирзошоҳ
"Аз ду суи Ому"  бо таронаҳои ҷовидона ва  баёдмондании Аҳмад Зоҳиру  Муборакшоҳ Мирзошоҳ
11:37
December 3, 2019
"Аз ду сӯи Ому": Гуфтугӯи ихтисоси бо Моҳира Тоҳирӣ ва Шафиқ Қиём
 "Аз ду сӯи Ому": Гуфтугӯи ихтисоси бо Моҳира Тоҳирӣ ва Шафиқ Қиём, раҳбари ширкати “Қиём интертейнмент” атрофи оҳанги ҷадиди Сито Қосимӣ ва Моҳира Тоҳирӣ "Дуст ай дуст"
10:30
November 25, 2019
Барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому" бо тозатарин оҳангҳо
Барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому" бо тозатарин оҳангҳои  Далер Хонзода, Мирвайс Шариф, Нигна Амонқул, Мубориз ва Фаридуни Хуршед, Парвиноз Ақназарова, Васим Анварӣ ва Ҳомид Ҳадис, мешунавед. برنامة این هفتة "ز دو سوی آمو" با تازه‌ترین آهنگهای دلیر خان‌زاده، میرویس شریف، نیگنه امانقول، مبارز و فریدون خورشید، پرویناز اقنزراوه، وسیم انوری و حامد حدیث، می‌شونوید.
12:06
November 18, 2019
Зарина Хушвахт
Дар сӯҳбати Зарина Хушвахт ҳунарпешаи театру синамо ва хабарнигор 
28:55
November 14, 2019
Коргардони ҷавон Файзулло Файзов
Коргардони ҷавон ва умедбахш Файзулло Файзов
27:42
November 14, 2019
Абдулшаҳид Саодатшоев
Қаҳрамони барномаи "Оҳанги зиндагӣ" Абдулшаҳид Саодатшоев овозхони маҳбуб ва шинохта 
27:10
November 14, 2019
гр "Ҷирай" Акмал Ошурмамадов
Меҳмони барномаи "Оҳанги Зиндагӣ"  раҳбари гр "Ҷирай" Акмал Ошурмамадов 
31:18
November 13, 2019
Суҳбат бо раҳбари гурӯҳи "Само" Шанбе Мамадгаминов
Суҳбат бо раҳбари гурӯҳи "Само"  Шанбе Мамадгаминов 
27:53
November 13, 2019
"Аз ду сӯи Ому" бо Рапу тараби Тоҷикистону Афғонистон‏
 "Аз ду сӯи Ому" унвони  барномаи ҳафтагии  Зеваршо  Муҳаммад аст, ки  рӯзҳои душанбе пахш мешавад.‏‏‏‏‏‏‏‏  Дар ин барнома таронаҳои тоза  аз Рустам Азимӣ, Мино, Ромин Шариф ва Жило, гурӯҳи "Панҷ лаин", Баха 84, Сӯҳроб, Сорбони Мустафо ва Валӣ Ҳиҷозӣ мешунавед.
12:41
November 11, 2019
Достони оҳанги "Милион гули роз"
Яке   аз маъруфтарин оҳангҳои русӣ бо номи «Миллион гули роз», ки чандин   овозхон аз гушаву канори дунё мутобиқи мусиқии ин оҳанг бо дигар   забонҳо, таронаҳоеро сохтаанд, ки метавонед аз ин барнома чанд намунаеро аз   иҷрои мутафовити ин оҳанг бишнавед. Ҳамчунон сюжаи ин тарона бар асоси достони воқеъӣ сохта шудааст, ки дар идомаи ин барнома хоҳед шунид. ин қиссаи ҷолибро. Ин таронаро барои нахустинбор Ала Пугачева, овозхони шинохта Русс иҷро кардааст.
26:53
November 8, 2019
"Аз ду суи Ому" 4 ноябр
Аз ду суи Ому: достони оҳанги "Милюн гуле роз" ва бозхонии оҳанги "Дар он нафас ки бимирам" Дар ин барнома оҳангҳоро аз  Валиҷон Азизов, Юлдуз Турдиева, Валӣ Фотеҳ Али хон, Фотима Машрабова мешунавед.  در این برنامه آهنگها را در اجرای ولیجان عزیزوف، یولدوز توردییوا، ولی فاتح علی‌ خان، فاطمه مشرباوا می‌شونوید
11:59
November 8, 2019
"Аз ду суи Ому" бо тозатарин оҳангҳои ҳафта
Дар барномаи ин ҳафтаи "Аз ду суи Ому"  оҳангҳоро аз Зулайхо,  Шоҳин Аҳмадӣ,  Мадина Ақназарова, Хушбӯ Аҳмадӣ ва  Нгина Амонқулова  мешунавед.
11:46
October 28, 2019
Дилошуб Орифзода
Дилошуб Орифзода, продюсер ва мудири филми "Бачаи обӣ"
35:36
October 24, 2019
Аз ду суи Ому 21 октябр
Дар ин барнома таронаҳои ҷадиди  Ҷалол Меҳробӣ, Дилрабо Қурбонова, Меҳринигори Рустам, Нозим Юсуфзода ва Панҷшанба Мафтунро мешунавед.
11:21
October 23, 2019
"Аз ду сӯи Ому" 7 октябр аз Ҳомид Каримӣ то Беҳрӯз
"Аз ду сӯи Ому" 7 октябр аз Ҳомид Каримӣ то Беҳрӯз Дар ин барнома таронаҳое мешунавед аз Бижн Зафармал, Сафармуҳаммад Рустам, Беҳрӯз, Ҳомид Каримӣ ва Баҳром Ғафурӣ. در این برنامه ترانه‌هایی می‌شنویم از بیژن ظفرمل، سفر‌محمّد رستم، بهروز، حامد کریمی و بهرام غفوری. https://www.bbc.com/persian/tv-and-radio-49956207?fbclid=IwAR1RIf6ywFT9JOG9oLwELNUJTUl9VHdQ6MwMPZZ7IjcSHlm34ekiO5gnwmU
10:35
October 11, 2019
Қурбони Собир
Қурбони Собир ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона"-и ҷашнвораи байналмилалии  театрии "АРТ Ордо"-ро, ки дар авохири моҳи сентябр дар шаҳри Уш-и  Қирғизистон баргузор шуд азони худ кард. Барномаро аз инҷо бишнавед
30:60
October 2, 2019
"Aз ду суи Ому": Бо таронаҳое аз Ориёно Саид, Мадина Ҳақаназарова ва Фаридуни Хуршед.
"Aз ду суи Ому": Бо таронаҳое аз Ориёно Саид, Мадина Ҳақаназарова ва Фаридуни Хуршед. از دو سوی آمو: با ترانه‌هایی از آریانا سعید، مدینه حق‌نظروا و فریدون خورشید از دو سوی آمو عنوان برنامۀ هفتگی زیورشاه محمد است که روزهای دوشنبه‌ از چشم‌انداز بامدادی رادیو بی‌بی‌سی پخش می‌شود.‏‏‏
10:57
October 1, 2019
Мусоҳибаи ихтисоси бо овозхонҳои гуруи "Парем" interview parem group
Мусоҳибаи ихтисоси бо овозхонҳои гуруи "Парем" дар остонаи баргузории консарти ин гуруҳ бахшида ба 25 солагии таъсисёбии ин гурӯҳ. ва муарифии оҳанги ҷадидашон interview parem group
32:12
September 25, 2019
"Аз ду суи Ому"
"Аз ду суи Ому": Оҳанги ҷадиди гр "Парем" ва тозаҳои ин ҳафта.
13:05
September 23, 2019
Мусоҳибаи ихтисоси бо Мир Мафтун مصاحبة اختصاص با میر مفتون
Мусоҳибаи ихтисоси бо Мир Мафтун, овозхони тоҷиктабори Афғонистон, ки аксаран таронаҳои маҳаллӣ ва мардумӣ иҷро мекунад.   مصاحبة اختصاص با میر مفتون، آوازخوان تاجیکتبار افغانستان، که اکثراً ترانه‌های محلی و مردمی اجرا می‌کند.
32:02
September 18, 2019
Нағмаҳои бадхшонии Тоҷикистону Афғонистон‏ дар барномаи "Аз ду сӯи Ому"
"Аз ду сӯи Ому" унвони барномаи ҳафтагии Зеваршо Муҳаммадаст, ки рӯзҳои душанбе аз чашмандози бомдодии радиои Би Би Сӣ пахш мешавад.‏‏  Дар ин барнома таронаҳое мешунавед аз гурӯҳи "Шамс", Ҳангома, Мир Мафтун, Мадина ва Хаёл. از دو سوی آمو عنوان برنامۀ هفتگی زیورشاه محمد است که روزهای دوشنبه‌ از چشم‌انداز بامدادی رادیو بی‌بی‌سی پخش می‌شود.‏‏ در این برنامه ترانه‌های می‌شنویم از گروه شمس، هنگامه، میر مفتون، مدینه و خیال.
12:02
September 17, 2019
Аз ду сӯи Ому: Бо "Ҷони ҷон"-и Фарангис ва "Ҷазо"-и Нигори Мондагор‏. از دو سوی آمو: جان جان فرنگیس و جزای نگار ماندگار‏
 Аз ду сӯи Ому: Бо "Ҷони ҷон"-и Фарангис ва "Ҷазо"-и Нигори Мондагор‏. از دو سوی آمو: جان جان فرنگیس و جزای نگار ماندگار ‏ از دو سوی آمو عنوان برنامۀ هفتگی زیورشاه محمد است که روزهای دوشنبه‌ از چشم‌انداز بامدادی رادیو بی‌بی‌سی پخش می‌شود.‏ در این برنامه ترانه‌های تازه‌ای می‌شنویم از فرنگیس دنیا، عارض عالمِ‌شاه، نگار ماندگار، ذکیه و جمشید اسماعیلف. چشم‌انداز بامدادی رادیو بی‌بی‌سی از ساعت ۷ تا ۹ بامداد هر روز بر روی این امواج و فرکانس‌های رادیویی و ماهواره‌ای پخش می‌شود. برای شنیدن سایر مطالب رادیوی بی‌بی‌سی، به صفحه رادیو مراجعه کنید یا برنامه‌های ما را بر روی ساوند کلاود بشنوید.‏
11:45
September 2, 2019
از دو سوی آمو: از بهروز زیورف تا آریانا سعید
از دو سوی آمو عنوان برنامۀ هفتگی زیورشاه محمد است که روزهای دوشنبه‌ از چشم‌انداز بامدادی رادیو بی‌بی‌سی پخش می‌شود. در برنامه این هفته، ترانه هایی می شنوید از بهروز زیورف، احمد ولی تاج، سعید جعفروف و آریانا سعید.‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏‏
11:14
August 26, 2019
Сито Қосимӣ سیتا قاسمی
Сӯҳбат бо Сито Қосимӣ, шоир ва ҳунарманди маҳбуби  Афғонистонӣ صحبت با سیتا قاسمی، شاعر و هنرمند محبوب افغانستانی
29:23
August 17, 2019
Азиз Ваҳобов عزیز وهاباو
Қаҳрамони барномаи “Оҳанги Зиндагӣ” ин ҳафта овозхони маҳбуб ва шинохтаи тоҷик Азиз Ваҳобов. Чандин сол шуда ки Азиз Ваҳобов дар қасри фарҳанги ноҳияи Ҳисор дар дастаи мақомсароён кору фаъолият мекунад. Сӯҳбати мо бо Азиз Ваҳобов аз нахустин қадамҳои ӯ ба дунёи ҳунар шурӯъ шуд. Аз он солҳое, ки дар донишкадаи омузгории он замон ба номи Тарас Григориевич Шевченко имрӯз ба номи Садриддин Айнӣ дар бахши физика ва математика таҳсил мекард.  قهرمان برنامة“آهنگ زندگی”این هفته آوازخوان محبوب و شناختة تاجیک عزیز وهاباو.   چندین سال شده که عزیز وهاباو در قصر فرهنگ ناحیة حصار در دستة مقام‌سرایان کار و فعالیت می‌کند.   صحبت ما با عزیز وهاباو از نخستین قدمهای او به دنیای هنر شروع شد. از آن سالهایی، که در دانشکدة آموزگاری آن زمان به نام ترس گریگارییویچ شیوچینکا امروز به نام صدرالدّین عینی در بخش فیزیکه و متیمتیکه تحصیل می‌کرد.
27:30
August 15, 2019
Мутриб Шоискандаров
Сӯҳбате бо  Мутриб Шоискандаров, ҳунарпеша ва овозхони театри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ  
28:22
August 13, 2019
сӯҳбат бо Шафиқ Қиём
сӯҳбат бо Шафиқ Қиём, раиси ширкати "Қиём интертеймент"  شفیق قیام، رئیس شرکت "قیام اینترتایمنت 
30:29
August 10, 2019
Сӯҳбат бо Соҳибқирон Нозимов
 Соҳибқирон, фарзанди Зафар Нозимов, овозхони овозадори тоҷик, яке аз  танзимкунандагони маъруфи мусиқии эстродии тоҷик буд, ки 12 августи соли  2008 дар синни 34-солагӣ  бар асари сактаи қалбӣ аз олам даргузашт   صاحبقران، فرزند ظفر ناظماو، آوازخوان آوازه‌دار تاجیک، یکی از تنظیمکنندگان معروف موسیقی ایسترادی تاجیک بود، که 12 آگوست سال 2008 در سن 34-سالگی بر اثر سکتة قلبی از عالم درگذشت
32:05
August 10, 2019
Дар сӯҳбати бонуи ҳунар Гулчеҳра Содиқова
дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Гулчеҳра Содиқова яке аз фалаксароёни номвари тоҷик, ки аз мактаби эҷодии ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим таълим гирифта. Хонум Гулчеҳра натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар низ алоқамандони зиёде дорад.  در این برنامه صحبتی داریم با گلچهره صادقاوه یکی از فلک‌سرایان نامور تاجیک، که از مکتب ایجادی هنرمند ناتکرار آدینه هاشم تعلیم گرفته. خانم گلچهره نه تنها در تاجیکستان، بلکه بیرون از کشور نیز علاقه‌مندان زیادی دارد.
30:50
August 10, 2019
Дар меҳмонии Асадбеки Азизбек
Асадбеки Азизбек, овозхони оҳангҳои мардуии Бадахшонӣ ва аз шогирдони Мусавар Минаков овозхони маҳбуб ва шинохтаи таронаҳои маҳалли 
28:04
August 8, 2019
Сӯҳбат бо Шӯҳрат Усмонов
Шӯҳрат Усмонов, овозхони тоҷиктабори Узбакистон  
21:09
August 8, 2019
Сӯҳбате бо Манижа Давлат
Сӯҳбате бо Мнижа Давлат, хонанда пуровозаи тоҷик   صحبتی با منیژه دولت، خواننده پرآوازة تاجیک interviews with interesting people 
30:53
August 7, 2019