JOM
By JOM
JOMMar 09, 2023
Суҳалӣ Қодирӣ, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Суҳалӣ Қодирӣ, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, кишварҳои зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳамроҳшавӣ ба Конвесия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ин масъаларо ба таври ҷиддӣ дар қонунгузории миллиашон танзим накардаанд.
Ба таъкиди ӯ асоси қонунҳо аз модаи 32-и Конвенсияи СММ оиди ба ҳуқуқи кӯдак маншаъ бояд бигирад, ки мушахасан оид ба уҳдадории давлати иштирокчӣ гуфта шудааст. На танҳо ҷалби кӯдак ба меҳнат ҳатто вобаста ба синну сол бардоштани бор низ ба ҳамин меъёр ворид шудааст.
Дар Тоҷикистон ин меъёрҳо мушахас ҳастанд. Ҳам давомоти рӯзи корӣ ва ҳам тибқи як қарор бардоштани вазн аз рӯйи синну сол ва ҷинс.
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 3 марти соли равон баргузор гардид, гуфт, таносуби рафту баргашти муҳоҷирон аз Русияро таҳлил мекунанд.
Мафтуна Шукурова, хабарнигор
Бештари духтарон дар мусоҳибаҳо ба мо гуфтанд, сабаби асосии тарки варзиш кардан, расидан ба синни балоғат ст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, волидонашон мехоҳанд, пас аз хатми мактаби миёна духтаронашон зуд оиладор шаванд...
Амир Саиди Мункӣ, роҳбари осорхонаи ноҳии Ховалинг
Мо якчанд хатсайрҳоро пешниҳод карда будем. Хатсайрҳо дар як китобчае, ки “Ховалинг ганҷинаи табиат ва тамаддуни башарӣ” ном дорад нашр гардидааст. Гарчанде хатсайрҳои мазкур ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест, аммо умед ҳаст, ки дар оянда бо инфросохтори зарурӣ таъмин гардида, ҳамчун як марказ ба мардум хизмат мерасонад
Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати ҶТ
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ феҳристи мавзеъҳои саёҳиро таҳия кардааст, ки дар ин миён Ховалинг бо мавзеъҳои саёҳии худ мавқеъи муайнеро ишғол намудааст.
Султонбӣ Бобоева
Расми “певочӣ” чунин аст: ду ҳамсоя ҳар шому саҳар ба хонаи якдигар 10-литрӣ шир мебаранд. Ин амал ба навбат 5 - рӯзӣ давом мекунад. Яъне, агар як зан ба хонаи ҳамсояаш 5 рӯз шир бурд, боз 5 рӯзи дигар ҳамсоя ба хонаи ин зан шир меорад.
Ҳарамгул Шарипова
Ҳарамгул Шарипова яке аз занҳои ҳунарманди деҳаи Момаӣ мебошад. Ӯ ба духарони ҷавон нозукиҳои дӯзандагиро меомӯзонад. Ин зани куҳистонӣ бо маҳсули дасти хеш дар чандин намоиши минтақавӣ иштирок кардааст
Саъбагул Умарова, раиси занони маҳалла
Мо занони деҳаи Момаӣ дар заминҳои наздиҳавлигии хеш тамоми маҳсулоти кишоварзиро мекорем. Ғайр аз ин, дар заминҳои кишоварзиамон гандуму ҷав корида, ҳосили онро мо занҳо меғундорем
ЗИКРУЛЛОҲХУҶА БАРОИ ХЕШ "ПОЙ"-И РАВОН СОХТ
“Ман электромобилро соли гузашта аз оҳанпораҳои нолозим сохтам. Ин электромобил бо қувваи барқ аз 10 то 12км роҳро тай мекунад. Аз овони кӯдакӣ орзу мекардам, ки бузург шуда дарзаводи мошинсозӣ кор мекунам. Орзуҳои кӯдакиро бо сохтани электромобил бароварда кардам. Бо кумаки шогирдон давоми 5 моҳ ин электромобилро сохтам.”
Ҷанг Лей: ба хотири натиҷаовар шудани дарсҳоям забони тоҷикиро ёд гирифтам
Ҳоло ман пурра тоҷикиро мефаҳмам, гап зада метавонам ва хати сириликро хонда метавонам. Шурӯъ аз соли 2018 то ба имрӯз дигар дар фаҳмонидани дарсҳои хитоӣ ба донишҷӯёни тоҷик мушкилие пеш намеояд. Агар англисӣ гап занам нафаҳманд бо тоҷикӣ ҳафр мезанам ва онҳо зуд мавзӯъро дарк мекунанд”.
Назирҷон Исмоилҷонов барномаҳои BeReady ва чеҳрашиносро чаро сохт?
Назирҷон бо сохтани барномаҳо мехоҳад кори муассисаҳои таълимӣ ва бонкҳоро осон кунад
Шукуфа дар бораи худу зиндагиаш қисса мекунад
Шукуфа Раҳмон паноҳандаи афғон дастгоҳеро сохтааст, ки аз тариқи он партовҳои ҷубору сари роҳро мешавад ҷамъоварӣ кард.
Донишҷӯи ӯзбекистонӣ: мехоҳам дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кунам
Таҳмина Раҳимова 25 сол дорад ва ӯ зодаи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ барои дохил шудан ба донишгоҳ дар шаҳри Термез ду сол пайи ҳам ҳуҷҷат месупорад, аммо ҳар ду бор аз имтиҳон ноком мегардад. Соли дувум баъди нокомӣ дар имтиҳон ва ноумедӣ аз идомаи таҳсил бо тавсияи модар Таҳмина роҳ сӯйи Тоҷикистон пеш мегирад ва ба Душанбе меояд.
М. Солеҳова: Ҳадафи ТҶ “Пешрафт” дастгирии идеяҳои пешбарандаи давлат аст!
Мақсад — пеш бурдани ҷомеа, пеш бурдани ҷавонони мо, пеш бурдани он идеяҳое, ки давлатро ба пеш мебаранд. Агар ба рамзи “Пешрафт” аҳамият диҳем, дида мешавад, ки дар он секунҷа тасвир шудааст, яъне ифодакунандаи тугмачаи “play” — ба пеш ҳаракат кардан.
Убайдулло Раҷабов
Сӯҳбати ихтисосӣ бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, коргардони театр ва синамо Убайдулло Раҷабов, ки то ҳол нашр нагардидааст.
Ҷайҳун Насимӣ филми бисёрсериягии "Уқоб ва бум"-ро ба навор мегирад
Филми бисёрсериягии "Уқоб ва бум" дар бораи чаҳор ронандаи таксӣ нақл мекунад, ки рӯзона ба кирокашӣ ва шабона ба корҳои баде даст мезананд.
Ҳисайн Сафарзода
Вақте кӯдак китоб мутолиа мекунад, ҷаҳонбиниаш фаррох ва шавқаш ба мутолиаи китобҳои бештар меафзояд.
Некрӯз Сафаров
Қариб 50 дарсади китобҳо дар ҷаҳон барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.
Бунёди пӯл бо нафақа
Як зани 72-сола аз ҳисоби нафақа ва мукофотпулӣ дар деҳаи Ғудоси ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт кӯпруки мошингузар сохт. Ин пиразан собиқадори меҳнат буда, барои бунёди ин кӯпрук беш аз 30 ҳазор сомониашро харҷ кардааст.
Мусоҳиба бо Зафари Валӣ, роҳбари Муассисаи давлатии Хатлонсинамо
Мусоҳиба атрофи фаъолияти чаҳосолаи ин муассиса
Икром Мамадов
"Дастгоҳи сенсори таркиби ҳавои атмосфериро аз рӯи PM2,5 ва PM10 муайян мекунад ва дар сомонаи мо мустақиман (онлайн) ҳар рӯз дида метавонед, ки сифати ҳаво дар кадом минтақаи шаҳр тоза ва ё олудаи зарраҳои зиёновар аст. Мо метавонем нишон диҳем, ки дар куҷо зарраҳои чангӣ, моддаҳои зиёновар ба фазои атмосферӣ зиёд аст, сабаб чист ва чи таъсире ба саломатии одамону муҳити экологӣ дорад. Ҳамҷоя бо созмонҷои ҷамъиятиву байналхалқӣ ва мақомот баъди таҳлилҳо сари пешгирии паёмади нохуши он бояд тадбир андешем."
Дарахтони азимҷуссаи мавзеи Сабристон
Дарахтони азимҷусса ва бузургсоли мавзеи Сабристони деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан таърихи беш аз 1000 - сола дошта, ҳарчанд дар бораи пайдоиши дарахтон ягон асоси илмӣ мавҷуд нест, аммо қиссаву ривоятҳои гуногун аз забон ба забон гузашта, мардум дар бораи пайдоиши ин мавзеъ нақл менамоянд. Баландии дарахтон 50 ва паҳноӣ ё худ ғафсиашон 14 метрро дар бар мегирад.
Фаъолияти барномаи "Дилҳои кушод"
Тибқи ин барнома ба хонаводаҳои маъюбини ноҳияи Рашт кумак расонида мешавад.
Мусоҳиба бо Шероз Иброҳимов
Шероз Иброҳимов шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буда, таҳсили олиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, тӯли чаҳор сол забони тоҷикӣ ва чиниро аз худ кардааст. Ҳоло бо ин ду забон хуб суҳбат мекунад. Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонад.